Дарёфти ганҷинаи қадимаи арзишаш беш аз 1 млн. доллар дар маркази Тошканд

Дар маркази шаҳри Тошканди Ӯзбекистон дар таҳхонаи яке аз манзилҳо ганҷинаи қадимие пайдо шуд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, арзиши ин ганҷина бештар аз 1 миллион доллар арзёбӣ мешавад. "Бино соли 1870 сохта шудааст. Зери таҳхонаҳои бинои мазкур як иморати дигар мавҷуд будааст. Роҳи вурудӣ ба иморат маҳкам шуда, 80 сол касе аз […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар маркази шаҳри Тошканди Ӯзбекистон дар таҳхонаи яке аз манзилҳо ганҷинаи қадимие пайдо шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, арзиши ин ганҷина бештар аз 1 миллион доллар арзёбӣ мешавад.

"Бино соли 1870 сохта шудааст. Зери таҳхонаҳои бинои мазкур як иморати дигар мавҷуд будааст. Роҳи вурудӣ ба иморат маҳкам шуда, 80 сол касе аз он огоҳӣ надошт", – овардааст хабаргузорӣ навиштаҳои расонаҳои Ӯзбекистонро.

Гуфта мешавад, миёни бозёфтҳо тангаву тило, расмҳои қадимӣ ва зеваролот мавҷуд аст. Миёни онҳо ҷиҳоз ва ашёи гаронбаҳои марбут ба дарбори Русияи подшоҳӣ низ ҳаст. Ин ашё ибтидои асри 20 ба Тошканд оварда шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки миёни бозёфтҳо ҳамчунин чанд китоби дастнавис ҳам мавҷуд аст, ки ба олимони садаи 12-14 тааллуқ доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.