Парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Хуҷанд афзуд

Бо сабаби муваққатан баста шудани роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд, инчунин бо мақсади қонеъ кардани талаботи аҳолӣ дар интиқолот, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз имрӯз оғоз карда, парвози хатсайрҳоро аз рӯйи самти Душанбе-Хуҷанд-Душанбе зиёд намуд. Тавре аз маркази матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, то санаи 31 январ ширкат парвозҳоро дар ин самт ду маротиба дар […]

Бо сабаби муваққатан баста шудани роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд, инчунин бо мақсади қонеъ кардани талаботи аҳолӣ дар интиқолот, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз имрӯз оғоз карда, парвози хатсайрҳоро аз рӯйи самти Душанбе-Хуҷанд-Душанбе зиёд намуд.

Тавре аз маркази матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, то санаи 31 январ ширкат парвозҳоро дар ин самт ду маротиба дар як рӯз иҷро хоҳад кард. Дар сурати то охири моҳи январ барқарор нашудани ҳаракати нақлиёти автомобилгард, ширкати ҳавопаймоӣ омода аст парвозҳоро дар ин самт ду маротиба дар як рӯз идома диҳад.

Гуфта мешавад, бори аввал нест, ки парвозҳо дар самти мазкур дар вақти басташавии роҳҳо, ки пойтахтро бо Хуҷанд мепайвандад, зиёд мегарданд. Қаблан низ дар рӯзи басташавии роҳ ва боришоти зиёд ширкати ҳавопаймоӣ миқдори парвозҳоро байни Душанбе ва Хуҷанд зиёд намуда буд, то ки сокинони ду шаҳр имкон пайдо кунанд сари вақт ва бехатар ба нуқтаи таъинотӣ расанд. Хатсайрҳо аз пойтахт ба Хуҷанд дар ҳавопаймоҳои Боинг 737 иҷро мегарданд.

Маълумоти муфассалро дар бораи ҷадвали парвозҳо метавонед дар маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ аз рӯйи рақамҳои 44-640-40-40/49/50 ё дар сомонаи www.somonair.com ба даст оред.

Айни ҳол “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият анҷом медиҳад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.