Коҳиши захираҳои тиллову асъори БМТ дар пайи поинравии нархи тилло

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нисбат ба аввали семоҳаи охири соли 2017 ҳаҷми умумии захираҳои байнулмилалии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба ҳамин давраи соли гузашта (2018) қариб 5% кам шуданд.

Дар Дурнамои сиёсати пуливу қарзии кишвар дар соли 2019 ва давраи миёнамуҳлат сабаби коҳиши захираҳои тиллову асъори кишварро ба коҳиши нархи тилло нисбат медиҳанд.

Қайд мешавад, ки аввали моҳи октябри соли гузашта ҳаҷми захираҳои байнулмилалии тиллову асъори ҷумҳурӣ аз сатҳи 5-моҳаи рӯйпӯш кардани воридот дар соли 2017 то ба 4,7 моҳи моҳи рӯйпӯш кардани воридот коҳиш ёфтанд.

Солҳои охир ҳукуматдорони Тоҷикистон аз ифшои маълумот доир ба ҳаҷми захираҳои тиллову асъори кишвар худдорӣ мекунанд.

Бо назардошти ба маблағи 257 млн. доллар ба ҳисоби миёна баробар будани ҳаҷми воридоти моҳонаи Тоҷикистон тӯли 9 моҳи соли 2018, метавон тахмин зад, ки ба аввали моҳи октябри соли гузашта захираҳои байнулмилалии БМТ наздики 1 млрд. 210 млн. долларро ташкил медиҳанд.

Дар Дурнамо зикр мегардад, ки сиёсати идоракунии захираҳои тиллову асъори БМТ ҷиҳати ба ҳадди камтарин овардани хавфҳо ва афзоиши ҳаҷми даромаднокии онҳо нигаронида шудааст.

“Барои идоракунии пурсамар ва нигаҳдории сатҳи қобили қабули захираҳои байнулмилалӣ, ки ба таъмини суботи молиявӣ ва иқтисодӣ нигаронида шудааст, оид ба харидории металлҳои гаронбаҳо дар бозорҳои дохилӣ бо асъори миллӣ амалиётҳо анҷом дода мешаванд”, – қайд мешавад дар ҳуҷҷат.

Гуфта мешавад, дар шаклҳои гуногун нигаҳдорӣ ва ҷойгир кардани захираҳои байнулмилалӣ бо назардошти хавфҳои асъорӣ ва тағйири нархҳо ба металлҳои гаронбаҳо амалӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...