Аз мавҷҳои электромагнитӣ дар Тоҷикистон метавон нигарон шуд?

Asia-Plus

Аз замони пайдо шудани алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон дар бораи зарару фоидаи телефонҳои мобилӣ (ҳамроҳ), пойгоҳҳои заминавии онҳо ва ба сурати умум доир ба алоқа баҳсу мунозираҳо оғоз ёфтанд. Ва дар ниҳояти кор бар болои ҳамаи ваҷҳу далелҳо хулосае ғолиб омад, ки мавҷҳои электромагнитӣ ба бемориҳои саратон, рӯҳӣ ва дигар касалиҳо боис мегарданд.

Собиқадори бахши алоқаи радио Мақсуд Турсунзода дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” дар бораи нозукиҳои мавҷҳои электромагнитӣ маълумот дод.

Мақсуд Турсунзода ҳанӯз овони мактабхонӣ, дар синфи 8-ум ба радиоэлектроника таваҷҷуҳ зоҳир намуда, то ҳол ин корро идома медиҳад. Дар боми хонаи ӯ пойгоҳи заминавӣ (базовая станция) насб шуда, дар ҳуҷраи ӯ барои таҳқиқи озмоишии таҷҳизот тамоми асбобу дастгоҳ ва лавозимоти зарурӣ мавҷуд аст.

– Ман ҳозир 78-сола буда, аз мавҷҳои электронӣ ҳеҷ зарареро ҳис намекунам. Ва бемориҳое, ки ман ҳозир дорам, дақиқан аз мавҷҳои электромагнитӣ нест, – мегӯяд Мақсуд Турсунзода.

Мақсуд Мирзоевич, писари Мирзо Турсунзодаи машҳур, ҳикоя мекунад, ки байни лирика ва физика интихоб дошта, физика ғолиб ва таваҷҷуҳаш бештар ба радиотехника ҷалб шудааст. Ҳамон вақт ӯ пойгоҳи радио сохта, дар мусобиқаҳо иштирок ва ба гунаи мисол соли 1958 дар мусобиқаҳои пионерӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) зинаи аввалро ишғол намудааст.

– Назди ман ҳамеша дастгоҳи фиристанда меистод,ки мавҷҳои электромагнитӣ меафканд, лекин ман то ҳол зиндаам ва агар кадом беморие ҳам дошта бошам, ба ҳеҷ ваҷҳ бо ин сабаб нест, – мегӯяд ӯ.

Овозаҳои зарар доштани мавҷҳои электромагнитӣ бо пайдо шудани телефонҳои мобилӣ рӯйи кор омаданд.

– Ҳарчанд нурафкании электромагнитӣ дар ҳама ҷо вуҷуд дорад, масалан дар дастгоҳи барқии маъмулӣ низ, лекин ҳамааш ба дарозии мавҷ вобаста аст: чӣ қадре мавҷҳо кӯтоҳ бошанд, зарар зиёдтар аст. Мавҷҳои пойгоҳҳои заминавӣ дароз аст, аз ин рӯ, зиёнашон низ камтар мебошад, – шарҳ медиҳад Мақсуд Мирзоевич.  

Мутахассис мегӯяд, ба ӯ лозим омадааст ба одамон исбот намояд, ки таъсири алоқаи мобилӣ ба инсон ҳадди ақал аст ва он ба тарзе коркард мешавад, ки ба солимии инсон зиёнаш камтар расад.

– Ман дастгоҳе дорам, ки афканиши нурҳоро нишон медиҳад, назди пойгоҳи заминавӣ (дастгоҳ) чизеро нишон намедиҳад. Агар пойгоҳи заминавӣ дар бом насб шуда бошад, пас бом ҳамаи нурафканиҳоро бозмедорад”, – изҳор мекунад М.Турсунзода.

Ӯ дастгоҳи махсусеро нишон медиҳад, ки сатҳи микроамперро нишон медиҳад, дастгоҳро ба телефони нурафкани мавҷҳои радио мегузорад ва дар оинаи дастгоҳ ақрабак базӯр ба 10 микроампер мерасад. Ин комилан сатҳи ночизи мавҷафканӣ мебошад.

– Вақте мо дар бораи нурафканиҳои мавҷҳои электромагнитӣ сухан мегӯем, одамон бештар аз гирифторӣ ба бемории саратон метарсанд. Лекин вақте ки алоқаи мобилӣ вуҷуд надошт, он замон низ одамон ба бемории саратон гирифтор мешуданд ва хеле зиёд ҳам. Ба ҳама маълум аст, ки нурафкании офтоб ба саломатии инсон таъсири зиёд дорад. Пас мо акнун аз офтоб ҳам пинҳон шавем? Ба одами солим офтоб зарар намерасонад, ба шахси фишори хунаш баланд (гипертоник) он зарар дорад, – илова намуд Мақсуд Турсунзода.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...