Пули гирифтаи ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз хориҷа дар соли гузашта

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ҷамъиятии Тоҷикистон соли гузашта аз хориҷи кишвар ба маблағи умумии 750 млн. сомонӣ грантҳо гирифтаанд.

Вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли гузашта дар ин робита изҳор намуд, ки 1 ҳазору 718 ташкилоти ғайридавлатии машғули кор дар ҷумҳурӣ соли 2018 дар ҳаҷми зерин грантҳо дастрас намудаанд: ҳудуди 58 млн. – бо доллари ИМА, қариб 8 млн. – бо евро, наздики 8 млн. – бо рубл, 2,5 млн. – бо фунт стерлинг, 6,5 млн. – бо франки швейтсарӣ ва ҳамчунин 78 млн. – бо сомонӣ.

“Грантҳо асосан аз ҷониби ташкилотҳои ғайридавлатии машғули кор дар соҳаҳои ҳимоя аз ҳуқуқи инсон ва бахши иҷтимоӣ дастрас шудаанд”, – қайд кард вазир.

Зимнан зикр гардид, ки дар Тоҷикистон айни замон беш аз 2,5 ҳазор ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ сабтином шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати адлияи ҶТ, соли 2017 ба Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба маблағи умумии 854 млн. 117 ҳазор сомонӣ (беш аз 100 млн. доллар) грантҳо ворид шуда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...