Пули гирифтаи ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз хориҷа дар соли гузашта

Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ҷамъиятии Тоҷикистон соли гузашта аз хориҷи кишвар ба маблағи умумии 750 млн. сомонӣ грантҳо гирифтаанд. Вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли гузашта дар ин робита изҳор намуд, ки 1 ҳазору 718 ташкилоти ғайридавлатии машғули кор дар ҷумҳурӣ соли 2018 дар ҳаҷми зерин грантҳо дастрас намудаанд: ҳудуди 58 млн. – […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ҷамъиятии Тоҷикистон соли гузашта аз хориҷи кишвар ба маблағи умумии 750 млн. сомонӣ грантҳо гирифтаанд.

Вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли гузашта дар ин робита изҳор намуд, ки 1 ҳазору 718 ташкилоти ғайридавлатии машғули кор дар ҷумҳурӣ соли 2018 дар ҳаҷми зерин грантҳо дастрас намудаанд: ҳудуди 58 млн. – бо доллари ИМА, қариб 8 млн. – бо евро, наздики 8 млн. – бо рубл, 2,5 млн. – бо фунт стерлинг, 6,5 млн. – бо франки швейтсарӣ ва ҳамчунин 78 млн. – бо сомонӣ.

“Грантҳо асосан аз ҷониби ташкилотҳои ғайридавлатии машғули кор дар соҳаҳои ҳимоя аз ҳуқуқи инсон ва бахши иҷтимоӣ дастрас шудаанд”, – қайд кард вазир.

Зимнан зикр гардид, ки дар Тоҷикистон айни замон беш аз 2,5 ҳазор ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ сабтином шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати адлияи ҶТ, соли 2017 ба Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба маблағи умумии 854 млн. 117 ҳазор сомонӣ (беш аз 100 млн. доллар) грантҳо ворид шуда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.