Сабти ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиён кам шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Шумори сабти ақди никоҳ байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ босуръат поин рафт, хабар доданд ба журналистон дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти Вазорат, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 220 нафар тоҷикистониён бо шаҳрвандони хориҷӣ ақди никоҳ бастаанд.

Сабаби инро дар Вазорат ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси оилаи Тоҷикистон дар соли 2011 нисбат медиҳанд, ки дар он барои ақди никоҳ бо хориҷиён маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои он вақт қабулшуда, шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати на камтар аз 1 сол иқомат кардан дар Тоҷикистон ва ҳатман ба имзо расонидани шартномаи ақди никоҳ, ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки бо шаҳрванди Тоҷикистчон (зан ё шавҳар) ақди никоҳ банданд. Ғайр аз ин, зан ё шавҳари хориҷӣ бояд барои ҳамсари худ дар Тоҷикистон хона харанд.

Дар Вазорати адлия бар ин назаранд, ки ин тағйироту иловаҳо ба Кодекси оила ба хотири ҳимоя аз ҳуқуқҳои занони тоҷик, ки асосан ба шаҳрвандон аз кишварҳои арабӣ ба шавҳар мебароянду баъзан қурбони ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон мешаванд, қабул гардиданд.

“Пас аз ҷорӣ шудани тағйироту идоваҳои зикршуда дар мавриди бастани ақди никоҳи тоҷикистониён бо шаҳрвандони кишварҳои ҳамҷавор низ, аз қабили Ӯзбекстону Қирғизистон ва Русия мушкилот рӯйи кор омад”, – зикр карданд дар Вазорати адлия.

Қобили зикр аст, ки ба ҷуз мардони маҳаллӣ, занону духтарони мо бештар бо зодагони кишварҳои ҳамсоя ақди никоҳ мебанданд.

Моҳи августи соли 2017 СММ аз Тоҷикистон даъват намуд, ки тағйироту иловаҳоро ба Кодекси оила, ки ҳуқуқҳои хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ, аз ҷумла муҳоҷиронро дар самти ақди никоҳ бастан бо занони тоҷик маҳдуд мекунад, бекор намояд.

Ба ақидаи коршиносон, чунин маҳдудиятҳо ҷиддӣ риоя нашудани ҳуқуқҳои заминавии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба итихоби ҳамсар мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...