Зиндони воқеъ дар маркази пойтахт кӯчонида мешавад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Як қатор биноҳои воқеъ дар кӯчаи Турсунзода (собиқ Красний партизан)-и шаҳри Душанбе, ки дар он муассисаи ислоҳии низомаш шадид, тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Вазорати адлия ва тавқифгоҳи КДАМ ҷойгиранд, кӯчонида мешаванд.

Зимни нишасти хабарии ҷмъбасти солона вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод изҳор намуд, ки маҳкумшудагони ин зиндонҳо ба муассисаи ислоҳии нав, ки дар роҳ ба самти шаҳри Ваҳдат ба наздикӣ ба истифода дода мешавад, гузаронида мешаванд.

Бино ба гуфтаи ӯ, барои сохтмони навбати аввали муассисаи ислоҳии нав дар роҳ ба самти Ваҳдат наздики 50 млн. сомонӣ маблағ масраф шудааст.

Ғайр аз ин, қайд кард ӯ, ҳукумат сохтмони муасисаи ислоҳии навро дар ноҳияи Рӯдакӣ низ ба нақша гирифтааст.

Рустами Шоҳмурод ҳамчунин зикр кард, ки айни замон дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ҳудуди 12 ҳазор нафар адои ҷазо мекунанд.

Муассисаи ислоҳии мазкур бо он маъруфу маълум аст, ки санаи 23 августи соли 2010 аз он 25 зиндонӣ (5 русиягӣ, 2 шаҳрванди Ӯзбекистон, 4 афғонистонӣ ва 14 шаҳрванди Тоҷикистон) фирор намуда, амалиёти боздошти пурраи онҳо 13 ноябри соли 2011 ба итмом расид.

Дарҳол пас аз фирори маҳбусон таҳти сарварии вазири умури дохилии ҷумҳурӣ ситоди фаврӣ тасъсис ёфта, муддати тамоми сол кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи ҷустуҷӯйи онҳо мунтазам амалиёт мегузарониданд. Дар ҷараёни амалиёт 24 нафар маҳбусӣ фирорӣ боздошт ё кушта шуданд. Мутаассифона, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ аз талафот эмин намонданд.

Дар иттилоияи КДАМ пас аз чанд рӯзи фирори маҳбусон гуфта мешуд, маҳбусон бо истифода аз «бемасъулиятӣ ва хунукназарии кормандони тавқифгоҳ нисбат ба вазифаҳои худ» фирор намудаанд. Баъди чанде раиси КДАМ ва се нафар муовинони ӯ истеъфо доданд.

Собиқ муовини сардори тавқифгоҳ Сайдулло Бердиев ва посбони ин муассиса Сӯҳроб Акбаров бо ҳукми додгоҳ ба муддати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Як посбони дигари муассиса Саидалӣ Саидов ба муддати 2 сол равонаи зиндон гардид. Барои хунукназарона муносибат кардан ба вазифаи худ навбатдори тавкифгоҳ Қобилҷон Касиров ба муддати 5 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳамчунин додгоҳ чаҳор нафар маҳбусони фирориро ба ҳабси абад ва се нафар дигарро ба муддати 30 соли зиндон маҳкум кард. Ғайр аз ин, нисбат ба чанде аз шаҳрвандони  маҳбусони фирориро паноҳдода ё аз маҳалли будубоши онҳо ба мақомот хабарнадода низ ҳукмҳои додгоҳӣ содир шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...