Интиқоли газ аз Ӯзбекистон 4 баробар меафзояд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати тақсимоти гази Тоҷикистон ният дорад, ки имсол интиқоли гази табииро аз Ӯзбекистон 4 баробар зиёд кунад.

“Мо имсол аз Ӯзбекистон то 200 млн. метри мукааб гази табиӣ хариданием”, – гуфт муовини роҳбари ҶСК “Тоҷиктрансгаз” Шавкат Шоимзода зимни нишасти хабарӣ.

Ӯ қайд кард, ки байни ширкатҳои тақсимоти гази кишварҳо дар ин хусус созиши усулӣ ҳосил шуда, айни замон ҷузъиёти созишнома баррасӣ ва сипас он ба имзо хоҳад расид.

Намояндаи “Тоҷиктрансгаз” хотиррасон намуд, ки интиқоли ин навъи сӯзишворӣ аз кишвари ҳамсоя баъди танаффуси қариб шашсола моҳи апрели соли гузашта барқарор шуда, соли 2018 аз Ӯзбекистон ба кишвар ҳудуди 54 млн. метри мукааб газ интиқол дода шудааст.

Бино ба гуфтаи номбурда, айни замон беш аз 20 корхонаҳо, аз ҷумла Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе бо гази воридотӣ таъмин гардида, шумори истеъмолгарон ҳар моҳ меафзояд.

Зимнан зикр шуд, ки то имрӯз қубурҳои интиқоли фишори баланд пурра барқарор ва корҳои таъмиру барқарорсозии қубурҳои фишори миёна ҷараён дошта, таъмини аҳолӣ бо гази табиӣ аз Ӯзбекистон танҳо баъди таъмиру барқарор кардани қубурҳои фишори паст оғоз мегардад.

“Вазъи молиявии “Тоҷиктрансгаз” алҳол ба таъмири танҳо он зербиное имкон медиҳад, ки дар тавозуни худи корхона аст”, – иброз дошт Шоимов.

Муовини роҳбари корхона илова намуд, ки қубурҳои интиқоли газе, ки дар тавозуни “Тоҷиктрансгаз” нестанд, аз ҳисоби истеъмолгарон таъмиру барқарор мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...