Интиқоли газ аз Ӯзбекистон 4 баробар меафзояд

Ширкати тақсимоти гази Тоҷикистон ният дорад, ки имсол интиқоли гази табииро аз Ӯзбекистон 4 баробар зиёд кунад. “Мо имсол аз Ӯзбекистон то 200 млн. метри мукааб гази табиӣ хариданием”, – гуфт муовини роҳбари ҶСК “Тоҷиктрансгаз” Шавкат Шоимзода зимни нишасти хабарӣ. Ӯ қайд кард, ки байни ширкатҳои тақсимоти гази кишварҳо дар ин хусус созиши усулӣ ҳосил […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати тақсимоти гази Тоҷикистон ният дорад, ки имсол интиқоли гази табииро аз Ӯзбекистон 4 баробар зиёд кунад.

“Мо имсол аз Ӯзбекистон то 200 млн. метри мукааб гази табиӣ хариданием”, – гуфт муовини роҳбари ҶСК “Тоҷиктрансгаз” Шавкат Шоимзода зимни нишасти хабарӣ.

Ӯ қайд кард, ки байни ширкатҳои тақсимоти гази кишварҳо дар ин хусус созиши усулӣ ҳосил шуда, айни замон ҷузъиёти созишнома баррасӣ ва сипас он ба имзо хоҳад расид.

Намояндаи “Тоҷиктрансгаз” хотиррасон намуд, ки интиқоли ин навъи сӯзишворӣ аз кишвари ҳамсоя баъди танаффуси қариб шашсола моҳи апрели соли гузашта барқарор шуда, соли 2018 аз Ӯзбекистон ба кишвар ҳудуди 54 млн. метри мукааб газ интиқол дода шудааст.

Бино ба гуфтаи номбурда, айни замон беш аз 20 корхонаҳо, аз ҷумла Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе бо гази воридотӣ таъмин гардида, шумори истеъмолгарон ҳар моҳ меафзояд.

Зимнан зикр шуд, ки то имрӯз қубурҳои интиқоли фишори баланд пурра барқарор ва корҳои таъмиру барқарорсозии қубурҳои фишори миёна ҷараён дошта, таъмини аҳолӣ бо гази табиӣ аз Ӯзбекистон танҳо баъди таъмиру барқарор кардани қубурҳои фишори паст оғоз мегардад.

“Вазъи молиявии “Тоҷиктрансгаз” алҳол ба таъмири танҳо он зербиное имкон медиҳад, ки дар тавозуни худи корхона аст”, – иброз дошт Шоимов.

Муовини роҳбари корхона илова намуд, ки қубурҳои интиқоли газе, ки дар тавозуни “Тоҷиктрансгаз” нестанд, аз ҳисоби истеъмолгарон таъмиру барқарор мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.