Интернет хуб нест? Ба Хадамоти алоқа муроҷиат кун

Дар Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Маркази баррасии арзу шикоятҳо ба фаъолият оғоз намуда, акнун муштариён дар мавриди чӣ гуна будани сифати таъмин бо интернет ба ин марказ муроҷиат карда метавонанд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти мазкур дар ин робита иттилоъ доданд, дар сурати бо мушкилиҳо дучор шудан дар мавриди таъминот бо интернет корбарон бо […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+

Дар Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Маркази баррасии арзу шикоятҳо ба фаъолият оғоз намуда, акнун муштариён дар мавриди чӣ гуна будани сифати таъмин бо интернет ба ин марказ муроҷиат карда метавонанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти мазкур дар ин робита иттилоъ доданд, дар сурати бо мушкилиҳо дучор шудан дар мавриди таъминот бо интернет корбарон бо телефони 60-60 метавонанд ба ин марказ муроҷиат намоянд ва Хадамот ваъда медиҳад, ки дар фурсати кӯтоҳ ба мушкилашон расидагӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки зимни нишасти хабарии рӯзи 28 январ муовини сардори Хадамоти алоқа Илҳомчон Атоев изҳор дошт, ки ояндаи наздик суръати интернет дар кишвар боло ва сифати он беҳтар шуда, ҳамчунин интернет арзон хоҳад шуд.

“Соли гузашта ҳаҷми хати гузариш (пропускной канал)-ро аз 10 то ба 20 Гигабит зиёд кардем. Аллакай моҳи март он то 50 Гигабит меафзояд. Ҳамчунин дар ҳамин моҳ поинравии нархи интернет дар назар аст”, – қайд кард Атоев.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи ноябри соли 2017 зери назорати оператори давлатии “Тоҷиктелеком” Маркази ягонаи коммутатсионӣ таъсис дода шуда, ҳамаи трафикҳои воридотиву хориҷшавандаи хизматгузориҳои байнулмилалӣ тариқи он мегузаранд. Тамоми трафики интернет барои ҳамаи ширкатҳои фароҳамсози интернет ва ширкатҳои мобилӣ тавассути он пешниҳод шуда, мустақилона харидани интернет аз кишварҳои ҳамсоя ба ширкатҳои тоҷикистонӣ манъ шуд.

Ахиран корбарони интернет аз Тоҷикистон аз сифати пешниҳоди хизматгузориҳо дар ин самт ҳарчи бештар арзу шикоят мекунанд. Сабаби бад шудани суръати интернетро дар ҷумҳурӣ коршиносон ба Маркази ягонаи коммутатсионӣ марбут медонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.