Дар Булункӯл 60 дараҷа хунук, барфрезӣ: яъне об дар Тоҷикистон кофӣ мешавад

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки обуҳавои сард дар кӯҳҳо ба захираи кофии барф имкон медиҳад ва аз ин рӯ, кишварҳои поёноби ҳавзаи Амударё дар мавриди захираи об дар мавсими тобистон беташвиш буда метавонанд, зеро об ба ҳама кофӣ хоҳад буд. Айни замон ҳарорат дар […]

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки обуҳавои сард дар кӯҳҳо ба захираи кофии барф имкон медиҳад ва аз ин рӯ, кишварҳои поёноби ҳавзаи Амударё дар мавриди захираи об дар мавсими тобистон беташвиш буда метавонанд, зеро об ба ҳама кофӣ хоҳад буд.

Айни замон ҳарорат дар мавзеи кӯли Булункӯл шабона то 56 дараҷа хунук буда, шаби 2 феврал обуҳавошиносон 60 дараҷа сардиро дар ин ҷо пешгӯӣ мекунанд.

Бино ба иттилои сардори Хадамоти гидрометеорологии Муассисаи гирдрометеорологии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева, моҳи охири зимистон ҳарорат дар Тоҷикистон аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа хунуктар мешавад.

“Моҳи феврал дар кӯҳҳо боришоти зиёд дар назар буда, дар водиҳо ҳарорат наздиктар ба меъёрҳои иқлимӣ боқӣ мемонад, дар минтақаҳои кӯҳистон бошад, аз меъёр 1 дараҷа поинтар хоҳад буд”, – қайд кард Байдуллоева.

Булункӯл — номи кӯл дар Помири Шарқӣ буда, дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби ВМКБ дар баландии 3737,4 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Ҳарорат дар мавзеи ин кӯл маъмулан тобистон то 18-20 ва зимистон – 25-30 дараҷа хунук мешавад.

Байдуллоева изҳор намуд, ки бо вуҷуди нисбатан гарм будани ҳарорат дар моҳҳои зимистон, нисбат ба соли гузашта имсол дар Тоҷикистон барфу борон зиёдтар мешавад.

“Дар минтақаҳои баландкӯҳи Помир ҳарорати беҳад сард дар назар аст, дар Булункӯл то 60 дараҷа, Мурғоб – то 34, Хоруғ – 24, Рӯшону Ванҷ – 11 ва Ишкошим – 28 дараҷа хунукӣ пешбинӣ мешавад. Аввали моҳи феврал низ ҳарорат дар ин минтақа тақрибан ҳамин гуна боқӣ мемонад”, – илова намуд Байдуллоева.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?