Дар Душанбе маҷмааи намоишгоҳии 22-ошёна сохта мешавад

Ояндаи наздик дар Душанбе сохтмони Маҷмааи нави байнулмилалии намоишгоҳӣ оғоз мегардад. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки маҷмааи нав дар рӯбарӯи автовокзали шаҳри Душанбе қомат афрохта, аз 22 ошёна иборат хоҳад буд. “Дар маҷмааи нав ду толори бузурги намоишгоҳӣ бунёд гардида, […]

Ояндаи наздик дар Душанбе сохтмони Маҷмааи нави байнулмилалии намоишгоҳӣ оғоз мегардад.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки маҷмааи нав дар рӯбарӯи автовокзали шаҳри Душанбе қомат афрохта, аз 22 ошёна иборат хоҳад буд.

“Дар маҷмааи нав ду толори бузурги намоишгоҳӣ бунёд гардида, дар ошёнаҳои болоӣ дафтарҳои корӣ ва ҳамчунин меҳмонхона ҷойгир мешавад”, – иброз дошт Аҳмадзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, барои сохтмони маҷмааи намоишгоҳӣ 5 гектар замин ҷудо шуда, тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, арзиши бунёди он 200 млн. сомониро ташкил медиҳад.

“Аз ширкатҳои чиниву ҳиндӣ ҷиҳати сохтмони ин маҷмаа аллакай ба мо пешниҳодҳо расиданд. Мо онҳоро омӯхта, лоиҳаи беҳтаринро интихоб ва ба сохтмони маҷмаа шурӯъ мекунем. Фикр мекунам, ки Маҷмааи нави байнулмилалии намоишгоҳӣ натанҳо ба рушди муносибатҳои тиҷоратии кишвар бо дигар давлатҳо мусоидат мекунад, балки бо тарзу усули ғайриоддии меъмории худ ба симои пойтахт ҳусни нав зам мекунад”, – изҳор намуд раиси Кумита.

Ёдрас мекунем, ки соли 1974 ба муносибати 50-солагии таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маҷмааи “Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ҶШС Тоҷикистон (ВДНХ)” сохта шуд. Меъмори он Эркин Солеҳов ва муҳандисаш В.Ржевкин мебошанд. Маҷмааи мазкур аз солҳои 90-уми асри гузашта дигар мавриди истифода қарор надорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.