Раиси Хатлон: “Бо нишастан дар утоқи корӣ мушкили кадрҳо ҳал намешавад”

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқоти худ бо кормандони соҳаи тандурустии вилоят, 25 январ ба сардори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, то донишҷӯёнеро, ки тариқи квотаи президентӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил карда, онро хатм мекунанд, барои кор ба муассисаҳои тиббии вилоят баргардонанд. “Роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоят, раисони шаҳру […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқоти худ бо кормандони соҳаи тандурустии вилоят, 25 январ ба сардори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, то донишҷӯёнеро, ки тариқи квотаи президентӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил карда, онро хатм мекунанд, барои кор ба муассисаҳои тиббии вилоят баргардонанд.

“Роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо бояд бо донишҷуёне, ки аз ҳудуди вилоят дар курсҳои болоии Донишгоҳи тибии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, мулоқотҳо ташкил карда, онҳоро барои кор дар муассисаҳои тандурустии вилоят даъват намоянд. Дар утоқҳои корӣ нишаста мушкили кадрҳоро ҳал карда намешавад”, – иброз намуд Қурбон Ҳакимзода.

Ин дастури раиси вилоят дар ҳолест, ки тибқи маълумоти ироанамудаи Сайдулло Малайзода, сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон, имрӯз дар ҳудуди вилоят 926 нафар духтурони дорои маълумоти олӣ намерасад.

“Дар вилояти Хатлон 353 маркази саломатӣ мавҷуд аст, аммо дар 123 маркази тиббӣ духтурҳои дорои маълумоти олӣ фаъолият надоранд”,-гуфт Сайдулло Малайзода.

Ба гуфтаи Сайдулло Малайзода тайи ду соли охир 44 нафар духтурҳои дорои маълумоти олӣ ҷойи кори худро тарк карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Сабаби тарки ҷойи кор кардани духтурҳои дорои маълумоти олиро Малайзода набудани озмоишгоҳҳо ва дастгоҳҳои замонавии тиббӣ шарҳ дод. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки барои мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустӣ шароити кор ва ҷойи зист муҳайё карда шавад.

Бояд гуфт, ки ҳоло дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон 3 ҳазору 671 нафар духтурҳои дорои маълумоти олӣ, 17 ҳазору 493 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият менамоянд. Дар ҳудуди вилоят танҳо 3 нафар доктори илми тиб, 24 нафар номзади илми тиб ва 23 нафар унвонҷӯ кор мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.