Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабаби 300% болоравии нархи обро дар Душанбе шарҳ дод

Asia-Plus

Сардори шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов сабабҳои болоравии нархҳоро ба хизматгузории корхонаи “Обу корези Душанбе” дар соли 2018 шарҳ дод.

“Ин пеш аз ҳама ба фарсудашавии таҷҳизот марбут аст, ки ҳанӯз соли 1932 васлу насб шудааст, – изҳор дошт ӯ зимни нишасти хабарии санаи 30 январ. – Муҳлати истифодаи 70%-и низоми зеризаминии таъминот бо оби нӯшокӣ ва 50%-и қубурҳои обу корез кайҳо гузаштааст. Кумак аз буҷет, гранту қарзҳои созмонҳои байнулмилалӣ ба барқарор сохтани ҳамагӣ 9%-и ин низом кифоя кард”.

Бино ба гуфтаи Дилшод Қурбонов, даромади солонаи корхонаи “Обу корез” 52 млн. сомонӣ ва хароҷоташ – 81 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷа қарзи корхона назди буҷети шаҳр, Кумитаи андоз ва ниҳодҳои молии байнулмилалӣ то ба 205 млн. сомонӣ расидааст.

Зимнан  зикр гардид, ки тақрибан 40%-и қаламрави Душанбе имрӯз ба обу корез дастроасӣ надошта, 60%-и истеъмолгарон ҳисобкунакҳои об надоранд.

Дар баробари ин Қурбонов хотирррасон намуд, ки дастгоҳҳои ҳисобкунаки об бояд аз ҳисоби корхонаи “Обу корези Душанбе” мувофиқи қонун бепул насб шаванд.

“Ин ғайриқонунӣ аст. Агар кормандон барои насби дастгоҳи ҳисобкунаки об пул талаб кунанд, метавонед бо ариза ба Хадамоти зиддинҳисории Душанбе муроҷиат намоед, тадбир меандешем”, – таъкид дошт номбурда.

Қобили зикр аст, ки мақомоти шаҳрдории Душанбеба корхонаи “Обу корези Душанбе” дастур дод, ки гузоштани дастгоҳҳои ҳисобкунаки обро то охири соли 2018 – ба 55% аз шумори умумӣ, то аввали моҳи майи соли 2019 – то ба 70% ва то моҳи ноябри соли 2019 – ба беш аз 85% расонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бошед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...