Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабаби 300% болоравии нархи обро дар Душанбе шарҳ дод

Сардори шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов сабабҳои болоравии нархҳоро ба хизматгузории корхонаи “Обу корези Душанбе” дар соли 2018 шарҳ дод. “Ин пеш аз ҳама ба фарсудашавии таҷҳизот марбут аст, ки ҳанӯз соли 1932 васлу насб шудааст, – изҳор дошт ӯ зимни нишасти хабарии санаи 30 январ. – Муҳлати истифодаи […]

Сардори шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов сабабҳои болоравии нархҳоро ба хизматгузории корхонаи “Обу корези Душанбе” дар соли 2018 шарҳ дод.

“Ин пеш аз ҳама ба фарсудашавии таҷҳизот марбут аст, ки ҳанӯз соли 1932 васлу насб шудааст, – изҳор дошт ӯ зимни нишасти хабарии санаи 30 январ. – Муҳлати истифодаи 70%-и низоми зеризаминии таъминот бо оби нӯшокӣ ва 50%-и қубурҳои обу корез кайҳо гузаштааст. Кумак аз буҷет, гранту қарзҳои созмонҳои байнулмилалӣ ба барқарор сохтани ҳамагӣ 9%-и ин низом кифоя кард”.

Бино ба гуфтаи Дилшод Қурбонов, даромади солонаи корхонаи “Обу корез” 52 млн. сомонӣ ва хароҷоташ – 81 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷа қарзи корхона назди буҷети шаҳр, Кумитаи андоз ва ниҳодҳои молии байнулмилалӣ то ба 205 млн. сомонӣ расидааст.

Зимнан  зикр гардид, ки тақрибан 40%-и қаламрави Душанбе имрӯз ба обу корез дастроасӣ надошта, 60%-и истеъмолгарон ҳисобкунакҳои об надоранд.

Дар баробари ин Қурбонов хотирррасон намуд, ки дастгоҳҳои ҳисобкунаки об бояд аз ҳисоби корхонаи “Обу корези Душанбе” мувофиқи қонун бепул насб шаванд.

“Ин ғайриқонунӣ аст. Агар кормандон барои насби дастгоҳи ҳисобкунаки об пул талаб кунанд, метавонед бо ариза ба Хадамоти зиддинҳисории Душанбе муроҷиат намоед, тадбир меандешем”, – таъкид дошт номбурда.

Қобили зикр аст, ки мақомоти шаҳрдории Душанбеба корхонаи “Обу корези Душанбе” дастур дод, ки гузоштани дастгоҳҳои ҳисобкунаки обро то охири соли 2018 – ба 55% аз шумори умумӣ, то аввали моҳи майи соли 2019 – то ба 70% ва то моҳи ноябри соли 2019 – ба беш аз 85% расонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бошед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.