“Ёқут-2000” барои сохтмони гунбадҳо дар ҷойи бозори Шоҳмансур иҷозатнома дорад?

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба ширкати “Ёқут-2000” барои сохтмони маҷмааи “Гунбади Ёқут” дар пойтахт иҷозатнома надодааст. Аз ширкат ҳам пешниҳод нарасидааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории пойтахт.

“Ҳоло маълум нест, ки дар ҷойи бозори Шоҳмансур (маъруф ба Зелений базар) чӣ сохта мешавад. Шояд ширкати “Ёқут” хоҳони онанд, ки сохтмони маҷмааи “Гнубади Ёқут”-ро дар ин ҷо пешниҳод намоянд, лекин пешниҳоди расмӣ нест”, – гуфт ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии дасгоҳи раиси пойтахт Абдулмаҷид Усмонов.

Қаблан Радиои Озодӣ дар ин робита хабар дод, ки дар ҷойи бозори кӯҳнаи Шоҳмансур маҷмааи 26-ошёнаи “Гунбади Ёқут” қомат меафрозад. Фармоишгари тарҳи “Гунбади Ёқут” ширкати “Ёқут-2000” буда, тарҳи биноро ширкати меъмории “Harmony art” аз шаҳри Шарҷаи Имороти Муттаҳидаи Араб офаридааст.

Гуфта мешавад, ширкат барои сохтмон иҷозати мақомотро дарёфт кардааст. Абдулғанӣ ал– Саид як масъули ширкати тарроҳии “Harmony art” гуфтааст, ду қабати авввали бино барои идораву утоқҳои тиҷоратӣ пешбинӣ шуда, дар ошёнаи аввал ҳамчунин шифохона ва боғчаи кӯдакон ҷойгир мешавад ва 24 ошёнаи боқимонда хонаҳои истиқоматӣ мебошанд.

Намояндаи ширкати “Ёқут-2000” дар суҳбат бо “Азия-Плюс”  изҳор намуд, ки лоиҳаи сохтмони иншоот бо мақомоти шаҳрдорӣ мувофиқа шуда, онҳо аллакай ба сохтмони он шурӯъ кардаанд.

“Лекин ВАО дар бораи ҷойи сохтмон маълумоти носаҳеҳ интишор карданд. Маҷмааи “Гунбади Ёқут” на дар ҷойи бозори Шоҳмансур, балки дар паҳлӯи он бо суроғаи Деҳлавӣ 10” сохта мешавад”, – зикр кард намояндаи ширкат.

Зимнан зикр гардид, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маҷмааи “Гунбади Ёқут” дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар назар аст.

Дар шабакаи Youtube ширкати Harmony art навори видеои лоиҳаи “Гнубади Ёқут”-ро гузоштааст. Дар навор ҳамчунин қаламрави паҳлӯи ҷойи собиқ бозори Шоҳмансур низ зикр мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...