Фавти 6 нафар соли гузашта дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Соли гузашта дар майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 6 кас ҳалок ва 7 нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар майдони сохтмон бар асари ҳодисаҳои нохуш 6 талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуд, хабар дод зимни нишасти хабарӣ Санъат Раҳим, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҷумҳурӣ. Ӯ қайд кард, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли гузашта дар майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 6 кас ҳалок ва 7 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар майдони сохтмон бар асари ҳодисаҳои нохуш 6 талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуд, хабар дод зимни нишасти хабарӣ Санъат Раҳим, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ӯ қайд кард, ки миёни фавтидагон ду шаҳрванди Чин ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Бино ба гуфтаи сардори Хадамот, ҳодисаҳои нохуш дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо сабабҳои гуногун рух дода, риоя накардани талаботи оддии техникаи бехтарӣ аз ҷумлаи маъмултарини онҳост.

Аз ҷумла, иброз дошт ӯ, шаҳрвандони Чин талаботи техникаи бехатариро ҳангоми истифодаи маводи тарканда зимни корҳо риоя накардаанд.

“Соли 2018 дар корхонаву ташкилот ва иншооти гуногуни мавриди сохтмон қарордошта дар маҷмӯъ бар асари 31 ҳодисаи нохуш 20 нафар ҷониби худро аз даст дода, боз 20 каси дигар ҷароҳат бардоштанд”, – илова кард Санъат Раҳим.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.