Тоҷикстандарт: Соҳибкорон бештар пурмасъулият шудаанд

Вохӯриҳо бо соҳибкорон ва роҳандозии корҳои густардаи таблиғотӣ оид ба риояи ҳуқуқи истеъмолгарон самараи хуб доданд: соли 2018 ҳолатҳои муроҷиати ширкатҳои машғул ба фурӯши молу маҳсулоти ниёзи мардм дар мавриди мусодираи маҳсулоти вайроншуда аз онҳо афзуд. Директори Агентии “Тоҷикстандарт” Қудрат Давлатзода зимни нишасти хабарии ҷамъбасти сол ин иқдомро пурсамар арзёбӣ намуда, қайд кард, ки беш […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Вохӯриҳо бо соҳибкорон ва роҳандозии корҳои густардаи таблиғотӣ оид ба риояи ҳуқуқи истеъмолгарон самараи хуб доданд: соли 2018 ҳолатҳои муроҷиати ширкатҳои машғул ба фурӯши молу маҳсулоти ниёзи мардм дар мавриди мусодираи маҳсулоти вайроншуда аз онҳо афзуд.

Директори Агентии “Тоҷикстандарт” Қудрат Давлатзода зимни нишасти хабарии ҷамъбасти сол ин иқдомро пурсамар арзёбӣ намуда, қайд кард, ки беш аз 19 ҳазор литр нӯшокӣ (ҶДММ “Амазон”), наздики 14 тонна маҳсулот (шоколад, панир, яхмос, ҶДММ “Рӯшон”), беш аз 1,5 тонна маҳсулоти ҶДММ “АВФ”, 6,8 тонна маҳсулоти ҶДММ “Реал Трейдинг”, зиёда аз 4 тонна маҳсулоти ҶСК “Фаровон”, беш аз 16 ҳазор дона маснӯоти атриёти ширкати “Фаберлик” бо дархости худи ин ширкатҳо аз фурӯш гирифта шудаанд.

“Нисбати ширкатҳои беинсоф, ки маҳсулоти ғайримеъёрӣ ва вайроншударо ба аҳолӣ фурӯхтанӣ мехостанд, чораҷӯӣ шуда, онҳо ба маблаги умумии 1,5 млн. сомонӣ ҷарима шуданд, ки нисбат ба соли пешин (с.2017) 165 170 сомонӣ бештар аст”, – иброз дошт ӯ.

Бино ба гуфтаи ӯ, соли 2018 кормандони “Тоҷикстандарт”ҳамашӣ беш аз 3 ҳазор тонна маҳсулоти хӯроквории ғайримеъёрӣ, муҳлати истифодаашон гузашта ё вайроншударо аз фурӯш боздоштаанд, ки қисмати зиёди онро маҳсулоти гӯштӣ (зиёда аз 1,3 ҳазор тонна) ва нӯшокиҳои спиртӣ (наздики 205 ҳазор литр) ташкил медиҳанд.

“Ҳамчунин байни ин маҳсулот маснӯоти макарон, равғани псстанӣ, конфету консерваҳо, маснӯоти қаннодӣ, чой, какао, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, маҳсулоти ширӣ ва тухм низ ҷой дошта, қисмате аз ин маҳсулот пастифат ва боқимонда ба меъёрҳои тамғазанӣ мутобиқат намекард”, – хабар дод Қудрат Давлатзода.

Зимнан зикр гардид, ки соли 2018 кормандони Агентӣ ҳудуди 83 ҳазор бозичаҳоро барои кӯдакон, ки асосан истеҳсоли Чин мебошанд, барои мутобиқат надоштанашон ба регламенти техникии бехатарии қабулшуда барои ҳимояи солимии кӯдакон аз фурӯш мусодира кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.