Дар Тоҷикистон ҳар сол беш аз 4 ҳазор беморони саратон ба қайд гирифта мешаванд

4 феврал дар тамоми ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории саратон таҷлил мегардад. То ҳол саратон яке аз бемориҳои паҳншуда ва хатарнок боқӣ мемонад. Тибқи маълумоте, ки аз Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дастрас гардид, ҳар сол дар ҷумҳурӣ теъдоди беморони гирифтори саратон 2 – 2,5 дарсад зиёд мешаванд. […]

Ҷасур Абдуллоев, Asia-Plus

4 феврал дар тамоми ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории саратон таҷлил мегардад. То ҳол саратон яке аз бемориҳои паҳншуда ва хатарнок боқӣ мемонад.

Тибқи маълумоте, ки аз Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дастрас гардид, ҳар сол дар ҷумҳурӣ теъдоди беморони гирифтори саратон 2 – 2,5 дарсад зиёд мешаванд. Соли 2017 теъдоди беморони гирифтони саратон 14 ҳазор нафарро ташкил намудааст. Мутассифона, маълумотҳо барои соли 2018 ҳоло ҷамбаст ва интишор нашудааст, аз ин сабаб, мо натавонистем онро дастрас намоем.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 2009 агар аз байни 100 ҳазор нафар 133 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда бошанд, соли 2017 теъдоди онҳо ба 158 нафар баробар шудааст. Раванди афзоиши гирифторӣ ба бемории саратон хоси танҳо Тоҷикистон набуда, дар тамоми ҷаҳон мушоҳида мешавад.

Дар Тоҷикистон аз ҳама бештар гирифтори бемории саратони ғадуди ширӣ мушоҳида мешавад. Дар зинаҳои баъдӣ саратони гарданаки бачадон, саратони меъда, саратони пӯст, лимфома ва саратони шушҳо қарор дорад.

Аз шумораи умумии фавти беморон дар ҷумҳурӣ 13 %-ро беморони гирифтори саратон ташкил медиҳанд, ки ин баъди бемориҳои дил, дар ҷойи дуюм аст.

Зафар Ҳусейнзода, роҳбари Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки то чанде пеш бемории саратон хоси пиронсолон буд. Яъне, ин беморӣ асосан дар пиронсолон мушоҳида карда мешуд, аммо таҳлилҳо нишон медиҳад, ки солҳои охир ин беморӣ ҷавон шуда истодааст.

“Сабаби зиёд ва ҷавон шудани ин беморӣ рушди техникаи муосир ва истифодаи васеи он аст. Имрӯз мардум дар ҳаёти иҷтимоии худ аз техникаи муосир фаровон истифода мекунанд. Ҳама телефони мобилӣ доранд. Мавҷҳои электромагнитии техникаи муосир ба саломатии инсон зарари калон доранд. Ғайр аз ин, хӯрокҳое, ки мо истеъмол мекунем, дар таркиби худ моддаҳои химиявии зиёд доранд. Ин ҳама боис мегардад, ки саратон зиёд ва ҷавон гардад”,-мегӯяд ӯ.

Аммо ба гуфтаи Зафар Ҳусейнзода табобати бемории саратон имкон дорад, агар он дар марҳилаи аввали хуруҷи беморӣ муайян карда шавад: “Агар ҳар нафар дар вақти муайяншуда аз ташхисҳо гузарад ва дар марҳилаи аввал муроҷиат кунад, имкони табобат беш аз 90 % аст. Агар дертар муроҷиат намояд ва беморӣ ба марҳилаи дуюм гузарад, имкони табобат то 30 – 40 % поён мефарояд. Ҳамин тавр, ҳар қадаре, ки дер муроҷиат кунанд, ҳамон қадар табобат душвор мешавад”.

Зафар Ҳусейзода эътироф менамояд, ки табобати бемории саратон воқеан гаронарзиш аст. Ӯ мегӯяд, ки бо як ҷарроҳӣ бемори гирифтори саратон сиҳат намешавад. Чандин маротиба ҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Бар замми ин, табобатҳои баъди ҷарроҳӣ низ марҳилаву намудҳои худро дорад, ки бе гузаштани он бемор табобат намеёбад.

Ба андешаи Зафар Ҳусейнзода, имрӯз дар кишвар шароити ташхис ва табобати бемориҳои саратон хеле беҳтар шуда бо меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунд. Аммо боз ҳам мушкилиҳои молие ҳастанд, ки бояд ҳал карда шаванд.

“Ин соҳа бояд аз ҳар ҷиҳат маблағгузорӣ карда шавад. Ҳарчанд имрӯз як маркази ҷумҳуриявӣ, 4 маркази вилоятӣ, 75 ҳуҷраҳои саратоншиносӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҳаст, аммо кори онҳо бояд муназзам ба роҳ монда шавад. Зеро тақдири бисёре аз беморони гирифтори саратон аз ташхиси дурусту ҳирфаии табибони минтақавӣ вобаста аст”,-мегӯяд Зафар Ҳусейзода.

Бояд гуфт, ки бемории саратон ду намуд мешавад: омоси хушсифат ва бадсифат.

Табобати омоси хушсифат имкон дорад ва роҳҳои табобати он муайян шудааст. Онро метавон бо роҳи ҷарроҳӣ табобат намуд.

Омоси бадсифат то имрӯз роҳи ягонаи табобат надорад ва табибон роҳҳои гуногунро истифода мебаранд. Дар аксар ҳолат бо роҳи табобати кимиёвӣ, нурӣ ва чарроҳӣ табобат мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.