Дар Маскав бо гумони бемории сурхакон 2 шаҳрванди Тоҷикистон бистарӣ гардиданд

Ду шаҳрванди Тоҷикистон бо нишонаҳои монанд ба бемории сурхакон дар беморхонаи №2-и шаҳри Маскав бистарӣ карда шудаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии намояндаи вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов. Ба иттилои ӯ, 4 феврал ба намояндагӣ дар бораи ба таври дастаҷамъона бистарӣ кардани муҳоҷирон хабар расид, ки табибон тахмин […]

Ду шаҳрванди Тоҷикистон бо нишонаҳои монанд ба бемории сурхакон дар беморхонаи №2-и шаҳри Маскав бистарӣ карда шудаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии намояндаи вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов.

Ба иттилои ӯ, 4 феврал ба намояндагӣ дар бораи ба таври дастаҷамъона бистарӣ кардани муҳоҷирон хабар расид, ки табибон тахмин мекунанд онҳо ба бемории сурхакон печидаанд. Дар умум, дар беморхонаи №2-и шаҳри Маскав 23 нафар муҳоҷирон бистарӣ карда шудаанд, ки ду нафари онҳо тоҷиконанд.

“Бо мақсади мушаххас намудани ҳолати ба миён омада, кормандони хадамоти муҳоҷирати ҶТ ба беморхонаи № 2 рафтанд ва ҳангоми суҳбат бо муовини сардухтури ин беморхона Наталя Светкова маълум гардид, ки аз хобгоҳи сохтмончиён дар кӯчаи Машиностроителная 23 нафар муҳоҷири меҳнатии дар ҶДММ “Янт- Япы” фаъолиятдошта ба беморхона интиқол ёфтаанд. Ду нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд”,-иброз дошт Иброҳим Аҳмадов.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони намояндагӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистоне, ки бистарӣ гардидаанд, суҳбати телефонӣ доштаанд. Шаҳрвандони кишвар иброз намудаанд, ки ба онҳо кӯмаки зарурии тиббӣ расонида мешавад ва худро хуб ҳис мекунанд.

Тибқи талаботи пешгирии сурхакон, бемор то замони мушаххас шудани ташхис дар беморхона боқӣ мемонад. Муҳлати майян кардани ташхис 3 рӯз аст.

Дар Маскав хуруҷи ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Гарчанд теъдоди сироятёфтагон мушаххас нест, аммо дар баъзе мактабҳои Маскав ҳолати “карантин” эълон карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.