“Ёқут-2000” барои сохтмони гунбадҳо дар ҷойи бозори Шоҳмансур иҷозатнома дорад?

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба ширкати “Ёқут-2000” барои сохтмони маҷмааи “Гунбади Ёқут” дар пойтахт иҷозатнома надодааст. Аз ширкат ҳам пешниҳод нарасидааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории пойтахт. “Ҳоло маълум нест, ки дар ҷойи бозори Шоҳмансур (маъруф ба Зелений базар) чӣ сохта мешавад. Шояд ширкати “Ёқут” хоҳони онанд, ки сохтмони маҷмааи “Гнубади Ёқут”-ро дар ин […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба ширкати “Ёқут-2000” барои сохтмони маҷмааи “Гунбади Ёқут” дар пойтахт иҷозатнома надодааст. Аз ширкат ҳам пешниҳод нарасидааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории пойтахт.

“Ҳоло маълум нест, ки дар ҷойи бозори Шоҳмансур (маъруф ба Зелений базар) чӣ сохта мешавад. Шояд ширкати “Ёқут” хоҳони онанд, ки сохтмони маҷмааи “Гнубади Ёқут”-ро дар ин ҷо пешниҳод намоянд, лекин пешниҳоди расмӣ нест”, – гуфт ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии дасгоҳи раиси пойтахт Абдулмаҷид Усмонов.

Қаблан Радиои Озодӣ дар ин робита хабар дод, ки дар ҷойи бозори кӯҳнаи Шоҳмансур маҷмааи 26-ошёнаи “Гунбади Ёқут” қомат меафрозад. Фармоишгари тарҳи “Гунбади Ёқут” ширкати “Ёқут-2000” буда, тарҳи биноро ширкати меъмории “Harmony art” аз шаҳри Шарҷаи Имороти Муттаҳидаи Араб офаридааст.

Гуфта мешавад, ширкат барои сохтмон иҷозати мақомотро дарёфт кардааст. Абдулғанӣ ал– Саид як масъули ширкати тарроҳии “Harmony art” гуфтааст, ду қабати авввали бино барои идораву утоқҳои тиҷоратӣ пешбинӣ шуда, дар ошёнаи аввал ҳамчунин шифохона ва боғчаи кӯдакон ҷойгир мешавад ва 24 ошёнаи боқимонда хонаҳои истиқоматӣ мебошанд.

Намояндаи ширкати “Ёқут-2000” дар суҳбат бо “Азия-Плюс”  изҳор намуд, ки лоиҳаи сохтмони иншоот бо мақомоти шаҳрдорӣ мувофиқа шуда, онҳо аллакай ба сохтмони он шурӯъ кардаанд.

“Лекин ВАО дар бораи ҷойи сохтмон маълумоти носаҳеҳ интишор карданд. Маҷмааи “Гунбади Ёқут” на дар ҷойи бозори Шоҳмансур, балки дар паҳлӯи он бо суроғаи Деҳлавӣ 10” сохта мешавад”, – зикр кард намояндаи ширкат.

Зимнан зикр гардид, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маҷмааи “Гунбади Ёқут” дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар назар аст.

Дар шабакаи Youtube ширкати Harmony art навори видеои лоиҳаи “Гнубади Ёқут”-ро гузоштааст. Дар навор ҳамчунин қаламрави паҳлӯи ҷойи собиқ бозори Шоҳмансур низ зикр мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.