Дастрасӣ ба пойгоҳи маълумоти уҳдадориҳои гарав дар Тоҷикистон тариқи интернет

Барои дарёфти дастрасӣ ба ҷустуҷӯи маълумот хоҳишмандон бояд дар сомонаи fehrist.tj худро ба қайд гузоранд. “Феҳрасти ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гаравӣ – манбаи иттилоотии маълумоти ӯҳдадориҳои гаравҳо, ки дар мақомоти дахлдори адлия оид ба бақайдгирии шартномаҳои гарав таъсис дода ва пеш бурда мешавад”, – омадааст дар сомона. Гуфта мешавад, Феҳрасти ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гарав –дар асоси […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Барои дарёфти дастрасӣ ба ҷустуҷӯи маълумот хоҳишмандон бояд дар сомонаи fehrist.tj худро ба қайд гузоранд.

“Феҳрасти ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гаравӣ – манбаи иттилоотии маълумоти ӯҳдадориҳои гаравҳо, ки дар мақомоти дахлдори адлия оид ба бақайдгирии шартномаҳои гарав таъсис дода ва пеш бурда мешавад”, – омадааст дар сомона.

Гуфта мешавад, Феҳрасти ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гарав –дар асоси қонун "Дар бораи гарави молу мулки манқул" ва «Тартиби бақайдгирии гаравҳо ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ” таҳия ва Дастуруламал дар бораи тартиби бақайдгирии гаравҳои молу мулки манқул тавассути шабакаи интернетӣ мебошад.

Охири соли гузашта зимни қабули ин қонун дар таҳрири нав вакилони палатаи поёнии парлумон изҳор намуда буданд, ки навгонии мазкур ба шаффофияти бақайдгирии гаравҳо ва пеш бурдани феҳрист нигаронида шудааст.

Фарқи асосии қонуни нав дар он ифода меёбад, ки ба он модда дар бораи Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ дохил шудааст.

Тартиби бақайдгирии гаравҳо ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ дар Тоҷикистон аз соли 2015 амал мекунад.

Акнун баъди қабули қонун дар таҳрири нав бақайдгирии гаравҳо ва пеш бурдани феҳрист тарқи шабакаи Интернет сурат гирифта, ба шаҳрвандон ҷиҳати дастрас намудани маълумоти дилхоҳ имкон фароҳам меорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.