Сайфулло Сафаров: “Хушҳолам, ки бо сари баланд ба нафақа баромадам”

Ҷасур Абдуллоев, Asia-Plus

Сайфулло Сафаров аз вазифаи муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабукдӯш гардид.

Дар матни Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 5 феврал таҳти №АП-1163 содир гардид, омадааст: “Сайфуллои Сафар Саъдуллозода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад”.

Сайфулло Сафаров зимни як суҳбати кӯтоҳ ба “Азия – Плюс” гуфт, ки “Амри Президент барои ӯ волост ва аз он хушҳол аст, ки бо сари баланд ба нафақа баромадааст”.

Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки “акнун барои анҷоми корҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ вақте бештар пайдо хоҳад кард”.

Сайфулло Сафаров дар ин мақом аз 11 майи соли 2012 фаъолият дошт. Ба ҷойи ӯ Парвиз Муҳаммадзода таъйин гардид.

Ҳамчунин, имрӯз, 5 феврал бо Амри Президент Худобердӣ Холиқназар аз вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ Диловар Кодирзод таъйин карда шуд.

Фарида Муминова, муовини дигари директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо Амри Президент аз вазифа озод гардид.

Бо сабаби ба нафақа баромадан, бо фармони Президент аз вазифаи Сафири фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эмомзода озод карда шуд.

Насриддин Исматулло аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ озод ва ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Покистон таъйин гардид.

Ҳамчунин, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадотии КДАМ-и Тоҷикистон Баҳриддин Мирзоев аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Абдусаттор Шоҳиён таъйин карда шуд

Абдукарим Зарифзода низ аз вазифаи муовини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод гардид.

Инчунин, дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...