Сергей Лавров дар хусуси Сангтӯда-1 низ суҳбат кард

Лилия Гайсина, Asia-Plus

Пас аз мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ – Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров ба рӯзноманигорон дар бораи омодагӣ ба сафари Президенти Тоҷикистон ба Русия, баррасии фаолияти НБО “Сангтӯда-1”, муҳоҷират ва донишҷӯёни тоҷик дар Русия, изҳори назар карданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба рӯзноманигорон гуфт, ки дар ҷараёни мулоқоти Сергей Лавров бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масоили муҳими  вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Ғайр аз ин, вазири корҳои хориҷӣ зикр намуд, ки дар мулоқот омодагӣ ба сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия, ки соли 2019 дар назар аст ва имзои маҷмӯи ҳуҷҷатҳо дар сатҳи баланд муҳокима гардиданд.

Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки имрӯз дар Душанбе миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия барномаи ҳамкорӣ барои соли 2019 имзо гардид.

“Мулоқот дар фазои анъанавии дӯстӣ ва эътимод доир шуд”,- зикр намуд вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ӯ илова намуд, ки зимни мулоқот пайванди анъанавии сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳамкории ҳарбии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардиданд. Таваҷҷуҳи махсус ба вазъи Афғонистон зоҳир карда шуд.

Лавров ба рӯзноманигорон дар бораи мулоқоти худ бо сарвари давлати Тоҷикистон сухан кард.

“Бо Президент Эмомалӣ Раҳмон суҳбати давомдор ва босамар доштем”,- гуфт ӯ.

Вазири корҳои хориҷии Русия зикр намуд, ки гардиши мол байни ду кишвар дар як соли охир афзун гардида, ба 1 млрд доллар наздик шудааст.

Ба қавли Лавров, дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба НБО “Сангтӯда-1” низ баррасӣ гардидааст.

“Мо ва ҳамкорони тоҷики мо ҳавасманди идомаи фаъолияти самаранок ва манфиатовари ин нерӯгоҳ ҳастем”,- гуфт Лавров.

Ӯ зикр намуд, ки ҷониби Русия ҳавасманди идомаи ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои дигари маблағгузорӣ, аз ҷумла дар самти гидроэнергетика, аст.

Инчунин, Лавров иброз дошт, ки дар ҷараёни суҳбат ҳамкории гуманитарӣ, аз ҷумла лоиҳаи ба Тоҷикистон фиристодани муаллимаҳои рус низ баррасӣ шудаанд.

Ба қавли ӯ, маҷмӯи ҳуҷҷатҳо омода шуда истодаанд, ки пас аз он ҷониби Русия ба сохтмони 5 мактаби русӣ дар ҳудуди Тоҷикистон шуруъ мекунад.

“Ҳоло 28 ҳазор донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таҳсил менамоянд. 8 ҳазори онҳо дар филиалҳои донишгоҳҳои Русия, ки дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият менамоянд, таҳсил доранд”,- гуфт Лавров.

Ғайр аз ин, дар мулоқот масоили муҳоҷират низ муҳокима гардидааст.

“Ҷониби Тоҷикистон масъалаи ба таври дастаҷамъона фиристодани муҳоҷирон барои кор дар Русия, таъмини нафақаи онҳоро ба миён гузоштанд. Барои муҳоҷирони тоҷик имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст”,- зикр намуд Лавров.

Ҳамчунин вазир гуфт, ки дар пасманзари таҳдидҳо аз Афғонистон, ҷониби Русия аллакай ба модернизатсияи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз намудааст.

“Дар бораи ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ андешаҳои ҷолиби зиёд баён карда шуд. Дар умум, мо хуб кор кардем”,- ҷамбаст намуд Лавров ва аз ҳамтои худ Сироҷиддин Муҳриддин даъват намуд, ки бо сафари ҷавобӣ ба Русия ташриф орад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...