Тарма роҳи Душанбе – Хуҷандро баст

Asia-Plus

Аз маркази матбуоти ширкати IRS ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки бориши барфи зиёд боиси баста шудани роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ гардидааст.

Аз сабаби фаромадани тармаи зиёд, махсусан дар километри 47 то 81-ум , роҳ баста шудааст. “Дар ин минтақа давоми як шабонарӯз беш аз 10 тарма фаромадааст”,- хабар медиҳад маркази матбуоти ин ширкат.

Бориши барф идома дорад ва эҳтимоли фаромадани тарма ҳанӯз ҳам боқӣ мемонад. Дар ин минтақаҳо техникаи махсус фаъолият дорад.

“Қарори муваққатан бастани роҳро ситоди махсус қабул менамояд, ки ба он намояндагони ширкати IRS, вазорати нақлиёт, ВКД, КҲФ ва МГ шомиланд”,-иттилоъ доданд аз маркази матбуотии ширкати IRS.

Ҳоло мушаххас нест, ки ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ кай иҷозат дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...