Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Лавров

Имрӯз, 5 феврал, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд. Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, зимни ин мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия баррасӣ гардид. “Ҳалли масъалаҳои байниминтақавии тиҷоратӣ-иқтисодӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ҷалби технология барои истеҳсоли маҳсулоти […]

Имрӯз, 5 феврал, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд.

Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, зимни ин мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия баррасӣ гардид.

“Ҳалли масъалаҳои байниминтақавии тиҷоратӣ-иқтисодӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ҷалби технология барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи ашёи хом, коркарди нахи пахта, меваю сабзавот, маҳсулоти чорво, азхудкунии неъматҳои табиӣ, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои Россия, баррасии масъалаҳои ташкили марказҳои нақлиётӣ-логистикӣ, аз самтҳои муҳиму ояндадори равобити ду кишвар номида шуд”,-менависад АМИТ “Ховар”.

Ҳамчунин, ин сомона менависад, ки дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамгироии сиёсӣ, амнияти минтақавӣ, ҳамкории ҳарбӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва татбиқи барномаи модернизатсияи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, баррасӣ гардиданд.

Зимни ин мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, аз ҷумла сохтмони мактабҳои омӯзиши забони русӣ, ҷалби омӯзгорони рус ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муҳокима гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров шоми дирӯз, 4 феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард ва бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ дидору мулоқот намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.