Боздошти фурӯшандаи маводи мухаддир дар Душанбе

Командони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боздошти паҳнкунандагони маводи мухаддир дар Душанбе, амалиёти махсус гузарониданд. Аз маркази матбуоти Агентии мазкур иттилоъ доданд, ки зимни амалиёт сокини шаҳри Душанбе Қудратулло Ҳукматов ба кормандони мақомоти мазкур панҷ ҳаби нашъадори MDMA пешниҳод намудааст. Ӯ ҳоло боздошт гардидааст. Ҳамин тавр, дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ […]

Командони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боздошти паҳнкунандагони маводи мухаддир дар Душанбе, амалиёти махсус гузарониданд.

Аз маркази матбуоти Агентии мазкур иттилоъ доданд, ки зимни амалиёт сокини шаҳри Душанбе Қудратулло Ҳукматов ба кормандони мақомоти мазкур панҷ ҳаби нашъадори MDMA пешниҳод намудааст. Ӯ ҳоло боздошт гардидааст.

Ҳамин тавр, дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ – ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Возеҳи шаҳри Душанбе шаҳрванд Илҳом Разоқов боздошт гардид.  Ҳангоми ҷустуҷӯ аз ӯ 20 дона ҳаби нашъадори MDMA гирифта шуд. Маълум гардид, ки Разоқов ҳабҳоро аз Қудратулло Ҳукматов дастрас кардааст.

“Дар ҷараёни кофтукови хонаи Қ. Ҳукматов дар кӯчаи Шаропов, 416 дона ҳабҳои нашъаовар ёфт гардид. Ғайр аз ин, аз он хона 6 кг 409 гр афюн пайдо карда шуд. Дар умум, аз боздоштшуда 441 ҳаб ва 6 кг 409,6 гр афюн мусодира гардид”,- хабар медиҳад Агентии мазкур.

Аз рӯйи ин далел, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.