Ҳар як саҳмияи “Сангтӯда” 100 сомонӣ харида мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳар кадоме аз саҳмияҳои “Сангтӯда” ба аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо 100 сомонӣ (10,5 доллар) маблағ пардохт мекунад.

Бар асоси қарори ҳукумат гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, он ба масъалаи харидории саҳмияҳои ҶСШК “Сангтӯа” бо арзиши номиналии онҳо машғул аст, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 5 феврал раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, соли 1996, замоне, ки ҳоло пули миллии тоҷикӣ – сомонӣ набуд, ҳар як саҳмияи “Сангтӯда” бо арзиши 3 ҳазор рубли тоҷикӣ фурӯхта мешуд.

Бино ба гуфтаи ӯ, соли 2000 баъди гузаштан ба асъори нав, ин 3 ҳазор руббл ба 3 сомонӣ (1 сомонӣ = 1000 рубли тоҷикӣ) баробар шуд.

Аммо, таъкид дошт ӯ, сарвари давлат дастур додааст, ки барои ҳар як саҳмия ба ҷойи 3 сомонии муқарраршуда 100 сомонӣ пардохта шавад.

Икромӣ қайд кард, ки ҷараёни харидории саҳмияҳои “Сангтӯда” аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо тавассути филиалҳои “Амонатбок” дарҳол пас аз дастрас шудани воситаҳо оғоз мегардад.

“Мо коршиносоне дорем, ки ҳақиқӣ (аслӣ) будани ҳар як саҳмияро муайян мекунанд”, иброз дошт Икромӣ.

Раиси “Амонтабонк” илова намуд, ки ҳамагӣ зиёда аз 97 ҳазор саҳмияҳои “Сангтӯда” фурӯхта шудааст.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт.

Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии ҶСК “НБО Сангтӯда-1” – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.

Ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ба сохтмони нерӯгоҳ беш аз 16 млрд. рублро ташкил медиҳад. Агрегати аввали нерӯгоҳ моҳи январи соли 2008 ба кор дароварда шуд. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаваттро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, 110 километрии чануби Душанбе воқеъ буда, ҳиссааш дар ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ ба 10% баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...