Кумитаи дин корҳои ободонии макони муқаддасро зери назорат мегирад

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Ба муносибати солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷумҳурӣ ният дорад, ки маконҳои муқаддаси ёдгориҳои таърихиву динии кишварро обод созад.

Дар ин бора зимни нишастии матбуотии рӯзи 6 феврал раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумат Сулаймон Давлатзода хабар дод.

Ба сифати мисол раиси Кумита мақбараҳои Мирсаид Алии Ҳамадонӣ (Кӯлоб), Мавлоно Яъқуби Чархӣ (Душанбе), Хоҷа Машҳад (Шаҳритӯс), Хоҷа Аҳрои Валӣ (ноҳияи Айнӣ)-ро номбар кард.

“Мутаассифона, шароити баъзе макони муқаддаси зиёрат дар кишвари мо номуносиб аст. Масалан, дар яке аз маконҳое, ки оромгоҳи шахсияти таърихист, дастархон ороста, ҷорво мекушанд. Дар бораи гигиена ва санитария фикр намекунанд”, – қайд кард ӯ.

Бино ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, айни замон Кумита ҳамаи чунин маконҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, бо шароитҳои онҳо аз наздик шинос шуда истодааст.

“Айни замон мо ин ҷойҳоро зери назорат дошта, кӯшиш дорем, ки онҳо барои боздиди ҳам шаҳрвандони хориҷиву ҳам сокинони маҳаллӣ боз ва шароити муносиб дошта бошанд”, – илова кард Давлатзода.

Қобили зикр аст, ки солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...