Тоҷикистон ба дастрасии қарзи ХБА ба наздикӣ умедвор аст

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба имзои барномаи навбатии дастгирӣ аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) моҳи марти соли равон умедвор аст. Дар чаҳорчӯби ин барнома ба Тоҷикистон ҷудо шудани қарз дар ҳаҷми беш аз 220 млн. доллар дар назар аст, хабар дод зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода. “Айни замон ҷараёни мувофиқасозии […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба имзои барномаи навбатии дастгирӣ аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) моҳи марти соли равон умедвор аст.

Дар чаҳорчӯби ин барнома ба Тоҷикистон ҷудо шудани қарз дар ҳаҷми беш аз 220 млн. доллар дар назар аст, хабар дод зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

“Айни замон ҷараёни мувофиқасозии барнома байни тарафҳо идома дошта, натиҷаи ниҳоӣ зимни сафари навбатии ҳайати Хазина ба ҷумҳурӣ, ки нимаи аввали моҳи марти ҳамин сол пешбинӣ шудааст, ҳосил мешавад”, – гуфт ӯ.

Нурмаҳмадзода қайд кард, ки гуфтушунидҳо бо Хазина оид ба барномаи мазкур муддати ду соли охир ҷараён доранд.

Бино ба қавли ӯ, зимни гуфтушунидҳо қариб бист шартҳои пешакӣ гузошта шуданд, ки пурра ба иҷро расидаанд.

“Ин шартҳо ба ислоҳот дар қонунгузории бонкии кишвар ва дигар бахшҳо дахл доштанд”, – иброз дошт раиси Бонки миллӣ.

Зимнан илова шуд, ки воситаҳо дар доираи барнома сесола барои дастгирии буҷет, боло бурдани рейтинги кишвар ва дар дигар самтҳо истифода хоҳанд шуд, ки минбаъд ба рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки сафари охирини ҳайати ХБА ба Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта сурат гирифта, аз рӯи натиҷаҳои он намояндагони Хазина изҳор намуданд, ки барои пешравӣ дар самти дастгирии буҷети Тоҷикистон бо ҳукуматдорони кишвар дар робитаи доимӣ хоҳанд буд.

Қобили зикр аст, ки муҳлати амали барнома пешини сесола, ки дар доираи он ХБА ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. доллар қарзи имтиёзнок ҷудо кард, моҳи июли соли 2012 ба итмом расида буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.