Роҳи Душанбе-Хуҷанд бар асари тармафароӣ боз баста шуд

Date:

Бар асари барфрезии зиёд ва фаромадани тарма, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан манъ шуд, хабар доданд аз дафтари матбуоти филиали ширкати IRS.

“Дар километрҳои 69 ва 71-уми роҳ ду тармаи калон фаромад. Техникаи махсус ба тозакунии ин қитъаҳои роҳ аз тарма машғул аст”, – хабар дод котиби матбуотии ширкат Далер Мерганов.

Бино ба гуфтаи ӯ, роҳ барои таъмини бехатарии мусофирону ронандагон муваққатан баста шуда, шояд баъди чанд соат ҳаракати нақлиёт дар он барқарор шавад.

Дирӯз, 5 феврал низ ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин роҳ бинобар сабаби тармафароӣ баста шуда, то бегоҳ онро тоза ва роҳро боз намуда буданд.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, дар робита ба барфрезӣ шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноуствуор ва дар роҳҳои минтақаҳои кӯҳистон яхбандӣ ва хатари тармафароӣ боқӣ мемонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...