Роҳи Душанбе-Хуҷанд бар асари тармафароӣ боз баста шуд

Бар асари барфрезии зиёд ва фаромадани тарма, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан манъ шуд, хабар доданд аз дафтари матбуоти филиали ширкати IRS. “Дар километрҳои 69 ва 71-уми роҳ ду тармаи калон фаромад. Техникаи махсус ба тозакунии ин қитъаҳои роҳ аз тарма машғул аст”, – хабар дод котиби матбуотии ширкат Далер Мерганов. Бино ба […]

Бар асари барфрезии зиёд ва фаромадани тарма, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан манъ шуд, хабар доданд аз дафтари матбуоти филиали ширкати IRS.

“Дар километрҳои 69 ва 71-уми роҳ ду тармаи калон фаромад. Техникаи махсус ба тозакунии ин қитъаҳои роҳ аз тарма машғул аст”, – хабар дод котиби матбуотии ширкат Далер Мерганов.

Бино ба гуфтаи ӯ, роҳ барои таъмини бехатарии мусофирону ронандагон муваққатан баста шуда, шояд баъди чанд соат ҳаракати нақлиёт дар он барқарор шавад.

Дирӯз, 5 феврал низ ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин роҳ бинобар сабаби тармафароӣ баста шуда, то бегоҳ онро тоза ва роҳро боз намуда буданд.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, дар робита ба барфрезӣ шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноуствуор ва дар роҳҳои минтақаҳои кӯҳистон яхбандӣ ва хатари тармафароӣ боқӣ мемонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.