Сабти боз қариб 100 масҷиди панҷвақта дар шаҳри Ваҳдат

Date:

Дар шаҳри Ваҳдат боз 98 масҷид ба қайд гирифта шуд, хабар дод зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Сулаймон Давлатзода.

Дар мавриди ин масъала ӯ қайд кард, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқҳои диндорон поймол нашуда, дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои дахлдор, масҷидҳо аз нав ба қайд гирифта мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 29 январ изҳор дошта буд, ки соли 2018 фаъолияти 56 масҷид дар ин шаҳр қатъ шудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, ин масчидҳо бидуни иҷозатнома ғайриқонунӣ фаъолият намуда, баъзе аз онҳо ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуданд.

Дар бинои ин масҷидҳо иншооти таъиноти иҷтимоиву фарҳангӣ, аз қабили кӯдакистону бунгоҳҳои тиббӣ, чойхона ва ғайра ба фаъолият шурӯъ карданд.

Бино ба маълумоти Кумита, айни замон дар Тоҷикистон 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷидҳои ҷомеъ, 3422 масҷидҳои панҷвақта, 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона  ва дар маҷмӯъ 3867 иттиҳодияҳои динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...