Сабти боз қариб 100 масҷиди панҷвақта дар шаҳри Ваҳдат

Дар шаҳри Ваҳдат боз 98 масҷид ба қайд гирифта шуд, хабар дод зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Сулаймон Давлатзода. Дар мавриди ин масъала ӯ қайд кард, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқҳои диндорон поймол нашуда, дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои дахлдор, масҷидҳо аз нав ба қайд гирифта мешаванд. Ёдрас мекунем, […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+

Дар шаҳри Ваҳдат боз 98 масҷид ба қайд гирифта шуд, хабар дод зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Сулаймон Давлатзода.

Дар мавриди ин масъала ӯ қайд кард, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқҳои диндорон поймол нашуда, дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои дахлдор, масҷидҳо аз нав ба қайд гирифта мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 29 январ изҳор дошта буд, ки соли 2018 фаъолияти 56 масҷид дар ин шаҳр қатъ шудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, ин масчидҳо бидуни иҷозатнома ғайриқонунӣ фаъолият намуда, баъзе аз онҳо ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуданд.

Дар бинои ин масҷидҳо иншооти таъиноти иҷтимоиву фарҳангӣ, аз қабили кӯдакистону бунгоҳҳои тиббӣ, чойхона ва ғайра ба фаъолият шурӯъ карданд.

Бино ба маълумоти Кумита, айни замон дар Тоҷикистон 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷидҳои ҷомеъ, 3422 масҷидҳои панҷвақта, 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона  ва дар маҷмӯъ 3867 иттиҳодияҳои динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.