Тоҷикистон ба дастрасии қарзи ХБА ба наздикӣ умедвор аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба имзои барномаи навбатии дастгирӣ аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) моҳи марти соли равон умедвор аст.

Дар чаҳорчӯби ин барнома ба Тоҷикистон ҷудо шудани қарз дар ҳаҷми беш аз 220 млн. доллар дар назар аст, хабар дод зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

“Айни замон ҷараёни мувофиқасозии барнома байни тарафҳо идома дошта, натиҷаи ниҳоӣ зимни сафари навбатии ҳайати Хазина ба ҷумҳурӣ, ки нимаи аввали моҳи марти ҳамин сол пешбинӣ шудааст, ҳосил мешавад”, – гуфт ӯ.

Нурмаҳмадзода қайд кард, ки гуфтушунидҳо бо Хазина оид ба барномаи мазкур муддати ду соли охир ҷараён доранд.

Бино ба қавли ӯ, зимни гуфтушунидҳо қариб бист шартҳои пешакӣ гузошта шуданд, ки пурра ба иҷро расидаанд.

“Ин шартҳо ба ислоҳот дар қонунгузории бонкии кишвар ва дигар бахшҳо дахл доштанд”, – иброз дошт раиси Бонки миллӣ.

Зимнан илова шуд, ки воситаҳо дар доираи барнома сесола барои дастгирии буҷет, боло бурдани рейтинги кишвар ва дар дигар самтҳо истифода хоҳанд шуд, ки минбаъд ба рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки сафари охирини ҳайати ХБА ба Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта сурат гирифта, аз рӯи натиҷаҳои он намояндагони Хазина изҳор намуданд, ки барои пешравӣ дар самти дастгирии буҷети Тоҷикистон бо ҳукуматдорони кишвар дар робитаи доимӣ хоҳанд буд.

Қобили зикр аст, ки муҳлати амали барнома пешини сесола, ки дар доираи он ХБА ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. доллар қарзи имтиёзнок ҷудо кард, моҳи июли соли 2012 ба итмом расида буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...