“Барқи тоҷик” коҳиши содироти барқро ба Афғонистон шарҳ дод

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Коҳиши ҳаҷми содироти нерӯи барқро ба Афғонистон аз Тоҷикистон дар соли гузашта ширкати “Барқи тоҷик” ба садама дар хати интиқоли барқи пайвасткунандаи ҳарду кишвар нисбат медиҳад.

“Сабаби аслии кам шудани ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистон дар соли гузашта дар он ифода меёбад, ки дар хати интиқоли барқи 220кВ “Тоҷикистон-Афғонистон” садама рух дод”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” дар ширкат.

Дар “Барқи тоҷик” қайд карданд, ки нисбат ба соли 2017 дар соли 2018 ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистон қариб ба миқдори 384 млн. кВт/соат коҳиш ёфтааст.

Соли 2017 аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳаҷми беш аз 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуда, соли гузашта то ба 1,5 млрд. кВт/соат расонидани он ба нақша гирифта шуда буд.

Бо вуҷуди ин, таъкид мекунанд дар ширкат, соли гузашта дар маҷмӯъ ҳаҷми содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба беш аз 1,1 млрд. кВт/соат афзудааст.

Афзоиши ҳаҷми содирот аз ҳисоби оғози интиқоли барқ ба Ӯзбекистон аз моҳи апрели соли гузашта ба даст омадааст. Соли гузашта ба ин кишвари ҳамсоя аз Тоҷикистон наздики 1,4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, соли 2018 ба хориҷи кишвар аз Тоҷикистон ба маблағи умумии наздики 77 млн. доллар зиёда аз 2,4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта 1 кВт/соат нерӯи барқи Тоҷикистон барои Афғонистон – 4,11 сент ва барои Ӯзбекистон – 2 сент нарх дошт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...