Дар робита ба баргузор намудани корҳои таъмиру навсозӣ тибқи нақшаи пешбинишуда, имрӯз, 13 феврал аз соати 09:00 то 16:00 интиқоли нерӯи барқ ба қисмати зиёди кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри шаҳри Душанбе қатъ мегардад.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз шабакаҳои барқи пойтахт хабар доданд, дар фосилаи вақти зикршуда интиқоли нерӯи барқ ба микрорайонҳои 46 61, 62, 63 ва 64, кӯчаҳои Н.Қаробоев, Фирдавсӣ, Қосимов, Деҳотӣ, Борбад, Ҷомӣ, М.Турсунзода, М.Қурбонов, Южная обходная, маҳаллаи Деҳнавак, Алхитой, Варзоби Поён, Ҷангалак, Крупская, Сомон ва Гулпарвар боздошта мешавад.
“Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмиру навсозӣ, интиқоли нерӯи барқ ба баъзе кӯчаву маҳаллаҳо шояд пештар аз муҳлати зикршуда барқарор карда шавад”, – қайд карданд дар шабакаҳои барқи Душанбе.
Қобили зикр аст, ки давоми моҳҳои январ ва феврал қариб ҳамарӯза бонавбат интиқоли барқ ба кӯчаву маҳаллаҳои гуногуни шаҳр қатъ мешавад, зеро кормандони шабакаҳои барқи пойтахт тибқи нақша корҳои таъмиру навсозӣ мегузаронанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


