ВКХ Тоҷикистон: сомонаҳои иттилоотӣ бо мақсади таъмини амният баста мешаванд

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни посух ба саволи журналистон изҳор дошт, ки сомонаҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон бо мақсади таъмини амният баста мешаванд.

Саволи хабарнигори “Азия-Плюс” чунин буд: “Идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон мунтазам бидуни эълону сабабҳо қатъи дастрасиро ба сомонаҳои иттилоотӣ дар кишвар чӣ гуна арзёбӣ мекунад? Оё Шумо ба ин ҳамчун ба таҷрибаи нақзи уҳдадориҳои байнулмилалӣ баҳо медиҳед ё ин меъёр аст?

Посухи Сироҷиддин Муҳиддин: “Ин саволро беҳтар аст, ки ба роҳбари Хадамоти алоқа Бег Сабурӣ диҳед. Лекин ман кӯшиш мекунам, ки аз нуқтаи назари уҳдадориҳои байнулмилалӣ шарҳ бидиҳам”.

Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байнулмилалии худ бояд сииёсати шаффоф, аз ҷумла сиёсати шаффофи иттилоотӣ низ роҳандозӣ намояд.

“Дар ҳамин ҳол, – қайд кард вазир. – тавре сохторҳои дахлдор ба мо мефаҳмонанд, бо мақсади таъмини амният баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ мешаванд. Агар ба харита назар андозем, мо бо Афғонистон ҳаммарз ҳастем ва аз кишварҳои хориҷи дур ба мо нигоҳ карда, фикр мекунанд, ки ин кишвар ба мо таъсиргузор асту мо ҳам дучори мушкилиҳоем. Тоҷикистон техника ва муҳимоти ҳарбӣ истеҳсол намекунад. Дар ҳамин ҳол, мо яке аз кишварҳои босуботи минтақаем. Конфронсҳои гуногуни байнулмилалӣ баргузор намуда, сол то сол шумори сайёҳони хоҳишманди боздид аз кишвари мо меафзояд”.

Роҳбари идораи сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ хотиррасон намуд, ки Тоҷикистон таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуд, ки бо сабаби “дарҳои боз” ба вуқӯъ пайваст”.

“Ҳама дилхоҳ сиёсату идеологияро дар ин ҷо тарғиб карда метавонистанд. Пасз ин мо сабақҳои зиёд бардоштем. Маълумот (иттилоот) воситаҳои пурзӯрест, ки ҳама чизро ба вуҷуд оварда метавонад. Бо мақсади танзими чунин равандҳо ва тарбияи шаҳрвандони мо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ғайра, дастрасӣ ба чанде аз сомонаҳо баъзан қатъ мешавад”, – иброз дошт вазир.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар суҳбатҳо бо намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ вақте вазорат вазъро бо назардошти рӯйдодҳои пешин атрофи минтақа шарҳ медиҳад, “баъзан мо онҳоро муътақид карда метавонем, ки мебояд баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ намуд”.

Дар ин росто мавриди зикр аст, ки муддати ним сол дастрасӣ ба сомонаи агентии иттилоотии “Азия-Плюс” давра ба давра бидуни ҳеҷ шарҳу сабабе қатъ мегардад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бошед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...