Кадбонуҳои ноҳияи Айнӣ беҳтарин дастархонорои Суғд эътироф шуданд

Дар тарабхонаи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Дастархонороӣ” баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, озмуни мазкур бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, сарфаву сариштакорӣ, камхарҷу сарфакорона, зебову хушхур оростани дастархонҳои ҷашну маросим гузаронида шуд. Гуфта мешавад, дар озмун кадбонуҳои беҳтарини шаҳру навоҳӣ маҳсули дастони худро ба маъраз гузоштанд. Муовини раиси вилоят […]

Asia-Plus

Дар тарабхонаи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Дастархонороӣ” баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, озмуни мазкур бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, сарфаву сариштакорӣ, камхарҷу сарфакорона, зебову хушхур оростани дастархонҳои ҷашну маросим гузаронида шуд.

Гуфта мешавад, дар озмун кадбонуҳои беҳтарини шаҳру навоҳӣ маҳсули дастони худро ба маъраз гузоштанд.

Муовини раиси вилоят Назира Fаффорӣ ва ҳайати ҳакамони озмун аз дастархони оростаи кадбонуҳои шаҳру навоҳӣ дидан намуда, ҷиҳати камхарҷ ва босарфа гузаронидани ҷашну маросим андешаҳои худро баён намуданд.

Зикр мегардад, ки дастархони оростаи мардуми ноҳияи Айнӣ сазовори мақоми аввал, дастархондорони ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба гирифтани мақоми дуюм сазовор шуда, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Ҷои сеюм бошад, ба дастархонороии мардуми Исфарамарз лоиқ ва ғолибон бо туҳфаҳои раиси вилоят сазовар гаштанд.

Ёдрас мекунем, ки охири соли гузашта Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии дастархонороӣ соли 2019 дар Тоҷикистон амр ба имзо расонид.

Ҳадаф аз гузаронидани чорабинии мазкур эҳё ва тарғиби таомҳои миллӣ, ҳамагонӣ намудани он, баланд бардоштани маданияти дастархонороӣ унвон мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.