Барфрезии шиддатнок боз роҳи Душанбе-Хуҷандро баст

Барфрезии бошиддату зиёд ба қатъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд боис гардид, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ. “Бинобар сабаби тармафароиҳои зиёд роҳ баста аст. Вазъ дар роҳ соат ба соат душвортар мешавад”, – қайд кард Юсуфӣ. Бино ба гуфтаи ӯ, барфрезӣ дар қитъаҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Барфрезии бошиддату зиёд ба қатъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд боис гардид, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

“Бинобар сабаби тармафароиҳои зиёд роҳ баста аст. Вазъ дар роҳ соат ба соат душвортар мешавад”, – қайд кард Юсуфӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, барфрезӣ дар қитъаҳои ҷудогонаи роҳ идома дошта, эҳтимоли фаромадани тармаҳои нав боқӣ мемонад. Дар қитъаҳои роҳ техникаи махсуси роҳнигоҳдорӣ машғули кор аст.

“Қарор дар бораи манъи муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиётро тариқи ин роҳ ситоди махсус қабул мекунад, ки ба ҳайати он намояндагони ширкати IRS, Вазорати нақлиёт, ВКД, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ шомиланд”, – зикр кард сардори маркази матбуотии Кумита.

Алҳол маълум нест, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин шоҳроҳ кай барқарор карда мешавад.

Дар ин робита, Кумита ҳолатҳои фавқулода боисрор аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар дархост мекунад, ки бидуни зарурати муҳим аз сафар тариқи роҳҳои пурхатар дар минтақаҳои кӯҳистон худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ё рух додани кадом як ҳодисаи ногувор дар роҳҳои автомобилгард, шаҳрвандони кишвар метавонанд ба телефонҳои зерини навбатдори фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муроҷиат намоянд: :  93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.