Мувофиқи имкон: Раисони ноҳияҳои Хатлон ба ифтихори ҷашни истиқлолият чӣ месозанд?

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти двлатии Тоҷикистон, ҳамчунин се соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Хатлон як қатор иншоот сохта мешавад.

Қисмате аз иншоотро соҳибкорон ва фаъолони маҳаллӣ, ҳамчунин роҳбарони вазоратҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту корхонаҳои давлатӣ бунёд мекунанд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияи Шаҳритӯс санаи 10 феврал қайд кард, ки дар амалисозии тадбирҳои пешбинишуда дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” худи роҳбарон бояд намунаи ибрат ба дигарон бошанд.

“Мувофиқи имкони худ ва пайвандону наздикон ин ё он иншоот сохтан ё роҳу мактаб ва бунгоҳи тиббиву коргоҳҳоро таъмир кардан лозим аст. Дар ин ҳолат мо метавонем, ки дигаронро аз паси хуб барем”, – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари вилоят ба сохторҳои давлатӣ дастур дод, ки дар ҷараёни ҷудо кардани қитъаи замин ба соҳибкорон ҷиҳати сохтмон ё таҳияи ҳуҷҷату лоиҳаҳо ба онҳо монеъа эҷод карда нашавад.

Роҳбарони чанде аз шаҳру ноҳияҳо доир ба саҳми худ ва пайвандону наздиконашон дар амалисозии ин стратегия ба хабарнигори “Азия-Плюс” изҳори назар карданд.

Аз ҷумла, раиси ноҳияи Кӯшониён Ҷабборӣ Ғаффор дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки оилаи онҳо аз таъмир баровардани роҳи мошингарди таъиноти маҳаллиро дар ҷамоати “Бохтариён” дар нақша дорад.

Ғайр аз ин, ҳамроҳ бо пайвандону наздиконаш раиси ноҳияи Кӯшониён нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва ҳаммом месозанд. Дар бораи чӣ миқдор маблағ сарф кардан барои анҷоми ин корҳо Ҷабборӣ Ғаффор маълумот надод.

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Фотеҳ Аминзода дар посух ба саволи мо қайд кард, ки барои сохтмони ин ё он иншоот маблағи амонатҳои шахсии худро харҷ карданӣ нест.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки барои таъмиру навсозии майдони марказии ноҳия якчанд музди меҳнати худро равона мекунад. Ӯ низ дар бораи ҳаҷми музди меҳнаташ маълумот надод.

Раиси ноҳияи Панҷ Маҳмадюнус Сайфиддинзода қайд кард, ки оилаи ӯ ва пайвандону наздиконаш Қасри фарҳанги ҷамоати “Сайфиддини Кабут”-ро аз таъмир мебароранд ва тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, барои ин ҳудуди 10 млн. сомонӣ маблағ зарур аст.

“Оилаи мо бузург ва пайвандону хешони зиёд дорем (Маҳмадюнус Сайфиддинзода писари раиси маъруфи колхози “Правда”-и ноҳияи Панҷ Кабут Сайфиддинов, вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аст – эзоҳи “Азия-Плюс). Мо қасрро ба хотири модари худ, ки солҳои тӯлонӣ дар ин ҷо кор кардааст, таъмир мекунем”, – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки оилаи Сайфиддиновҳо дар ин ҷамоат ба маблағи 1 млн. сомонӣ гармхона бунёд карданд.

“Минбаъд анбори нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва коргоҳи истеҳсоли консерваҳо сохтанием. Дар оилаи мо қариб ҳама роҳбарони корхонаву муассисаҳои давлатианд, аз ин рӯ сохтмони иншооти гуногун, аз қабили бунгоҳи тиббӣ, кошонаи ҳусн, ҳаммом ва ҳамчунин таъмири роҳҳои мошингарди маҳаллиро ба уҳда гирифтем”, – илова намуд Сайфиддинзода.

Убайдулло Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ӯ ва наздикону пайвандонаш низ аз ин иқдом канор намемонанд. Ӯ зикр кард, ки онҳо ба сохтмони корхона ва таъсиси ҷойҳои зиёди корӣ барои сокинони ноҳия имкон доранд.

“Мо ин корро анҷом дода, дар амалисозии ин иқдом фаъолона ширкат хоҳем варзид”, – зикр кард номбурда аммо дар бораи маҳз чӣ гуна иншоот сохтан ҳарфе нагуфт.

“Вақте ки мавриди истифода қарор додем, баъд дар бораи чӣ гуна будани ин иншоот суҳбат хоҳем кард”, – илова намуд Убайдулло Файзулло.

Зимнан зикр шуд, ки муовинони ӯ, раисони чамоатҳо низ дар ҳамдастӣ бо пайвандону наздиконашон иншооти гуногун бунёд мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...