Резиши санг дар Дарвоз роҳи Душанбе-Хоруғро баст

Бар асари резиши санг дар километри 362-юми роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, дар наздикии деҳаи Сангеви ноҳияи Дарвози ВМКБ субҳи имрӯз ҳаракати нақлиёт аз ноҳияи Шоҳини вилояти Хатлон то ноҳияи Дарвози ВМКБ боздошта шуд. Барои тоза кардани роҳҳо нерӯҳо ва воситаҳои техникии хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, бахши хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) ва мақомоти ҳокимияти […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бар асари резиши санг дар километри 362-юми роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, дар наздикии деҳаи Сангеви ноҳияи Дарвози ВМКБ субҳи имрӯз ҳаракати нақлиёт аз ноҳияи Шоҳини вилояти Хатлон то ноҳияи Дарвози ВМКБ боздошта шуд.

Барои тоза кардани роҳҳо нерӯҳо ва воситаҳои техникии хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, бахши хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҷалб карда шудаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолтаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар, то 16-уми феврал дар аксари роҳҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

Аз ҷумла, айни замон ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Лахш, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, ҳамчунин ағбаи Қизил-Арт душвор аст.

Шабонарӯзи гузашта дар километрҳои 52, 57, 59, 61 ва 72-юми роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ ҳодисаҳои тармафароӣ ба қайд гирифта шуда, дар ҳамин ҳол, роҳи пайвасткунандаи марказ бо вилояти Суғд шабонарӯзи дуюм аст, ки барои ҳаракати нақлиёт баста аст.

Барои таъмини бехатарии ронандагону мусофирон ва саривақт расонидани кумаки фаврӣ дар ҳоатҳои ғайримунтазира, қитъаҳои гуногуни роҳҳо зери назорати мунтазами гурӯҳҳои зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулода қарор доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.