Арзиши патент дар Тоҷикистон 5,4% боло меравад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми андозбандӣ ба фаъолияти инифродии соҳибкорӣ, ки дар Тоҷикистон бар асоси патент амалӣ мешавад, ба андозаи 5,4% боло меравад.

Вазорати молияи ва Кумитаи андози ҷумҳурӣ охири моҳи январ «Оид ба индексатсияи андозаҳои пардохт барои патент» фармоиши муштарак содир намуданд.

Бо фармоиши мазкур тасдиқи андозаҳои индексатсияшудаи пардохт барои патент (андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ) дар соли 2019 мувофиқи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд, дастур дода шудааст.

Фармоиш ба Вазорати адлия пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва нашри расмӣ, меъёрҳои нави патент мавриди амал қарор мегиранд. Агар ба солҳои пешин назар андозем, ба гумони ғолиб ин кор аз 1 апрел сурат хоҳад гирифт. Ҳаҷми пардохти маблағи патент дар ҷумҳурӣ бори охир соли 2016 бозбинӣ (индексатсия) шуда буд.

Айни замон дар Тоҷикистон 48 навъи фаъолияти срҳибкории инфиродӣ бар асоси патент амалӣ мешавад.

Кӣ чӣ қадар маблағ пардохт мекунад?

Ҳаҷми нисбатан баландтари патент барои соҳибкорони инфиродии машғул ба боркашонӣ бо нақлиёти боркаши борбардориаш беш аз 20 тонна муқаррар шудааст, ки баъди ҷорӣ шудани меъёрҳои нав 741 сомониро дар як моҳ (айни замон – 703 сомонӣ) ташкил медиҳад.

Барои сурудхонӣ дар ҷашну маъракаҳо – дар як моҳ 667 сомонӣ (қаблан – 633 сомонӣ), навозандагӣ, раққосӣ ва барандагӣ дар ҷашну маъракаҳо – 147 сомонӣ (130 сомонӣ), истифодаи таҷҳизоти радио, телевизион ва таҷҳизоти дигар барои ороишоти макони баргузории ҷашну маъракаҳо – 222 сомонӣ (210 сомонӣ), банаворгирии ҷашну маъракаҳо ва истифодаи нақлиёти махсуси автомобилӣ дар базмҳои арӯсӣ – 111 сомонӣ (105 сомонӣ), фурӯши гулҳои тару тоза – 296 сомонӣ (281сомонӣ), ҳоҷатхонаи ҷамъиятии музднок (пулакӣ) – 223 сомонӣ (211 сомонӣ) ва фаъолияти маҳсгарӣ дар хона – 74 сомонӣ (пеш – 70 сомонӣ) пардохти моҳонаи маблағи патент муқаррар шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...