Ифтитоҳи пул дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бо дархости Кобул

Пули мошингард ва пиёдагард тариқи дарёи Панҷ, ки ноҳияи Шоҳин (собиқ Шӯрообод)-ро бо минтақаи шимоли Афғонистон мепайвандад, охири ҳафтаи гузашта боз шуд. Он аз ҷониби Тоҷикистон якҷониба наздики шаш моҳ пеш баста шуда буд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар доданд, ҳаракати нақлиёту равуои мардум тавассути ин пул бо дархости ҳукуматдорони Афғонистон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Пули мошингард ва пиёдагард тариқи дарёи Панҷ, ки ноҳияи Шоҳин (собиқ Шӯрообод)-ро бо минтақаи шимоли Афғонистон мепайвандад, охири ҳафтаи гузашта боз шуд. Он аз ҷониби Тоҷикистон якҷониба наздики шаш моҳ пеш баста шуда буд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар доданд, ҳаракати нақлиёту равуои мардум тавассути ин пул бо дархости ҳукуматдорони Афғонистон дубора ба роҳ монда шуд.

“Алоқаи маҳаллаҳои аҳолинишини Афғонистон, ки дар он сӯи пул ҷойгиранд, бо сабаби тармафароиҳои зиёд аз қисмати марказии кишвар канда шуда, ба аҳолии ин минтақа гуруснагӣ таҳдид мекард”, – гуфтанд дар Қушӯнҳои сарҳадӣ.

Охири ҳафтаи гузашта бо дархости Кобули расмӣ ҳаракат тариқи ин пул боз шуда, автомашинаҳои боркаш бо молу маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум аз Тоҷикистон ба минтақаи шимоли Афғонистон равон шуданд.

Ёдрас мекунем, ки пул (купрӯк) тақрибан шаш моҳ пеш бинобар сабаби фаъол шудани ҷангиёни Толибон ва қочоқбарони маводи нашъаорвар дар он сӯи сарҳад баста шуд.

Сохтмони пули мазкури 180-метра аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, охири тобистони соли 2017 мавриди истифода қарор гирифт. Арзиши лоиҳа тақрибан 16 млн. евро арзёбӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.