Суғд: ҳукми 22 соли зиндон ба шаҳрванди Ӯзбекистон

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Суди вилояти Суғд шаҳрванди Ӯзбекистон Гулмира Аҳмедоваро ба 22 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз суди вилоят дар ин робита хабар доданд, сокини 41-солаи ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, ки дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иқомат мекард, дар куштори бераҳмонаи ҳамсоязан гунаҳкор эътироф гардида, ҷиноят санаи 14 июли соли 2018 содир шудааст.

“Маҳкумшуда ба тиҷорати хурд машғул ва аз бонкҳо қарздор будааст. Тасмим мегирад, ки ҳамсоязани пиронсолаш Эргашой Холбоеваро кушта амволи ӯ, аз ҷумла ороишот ва зару зевари тиллоии ӯро азхуд мекунад, – гуфт манбаъ.

Бино ба гуфтаи ӯ, бо баҳонаи кумак чиҳати ба ҷойи дигар бурдани ҷевон ӯ ҳамсоязанро ба хонааш даъват мекунад.

“Вақте ҳамсоязан ба хонааш меояд, бо корд ба пушти ӯ ду маротиба зарба мезанад. Зан доду фарёд бардошта, ба кӯча гурехтанӣ мешавад. Маҳкумшуда даҳони занро бо сачоқ баста, чандин маротиба сари ӯро ба фарши хона мезанад. Дар натиҷа ҳамсоязан аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии аз сар гирифтааш ҳалок мешавад”, – гуфтанд дар суд.

Аммо, ба иттилои манбаъ, бо ин ҳам қаноат накарда, маҳкумшуда ҳамаи ороишот ва зару зевари занро гирифта, ӯро ба кампал мепечонад. Сипас бо ёрии писараш ҷасадро ба танӯрхона бурда, онро месӯзонад ва боқимондаҳои ҷасадро дар ҳавлӣ гӯр мекунад. Ороишот ва зару зеварро зан ба 1850 сомонӣ фурӯхтааст.

“Зани пиронсолро пайвандону наздиконаш ба ҷустуҷӯ оғоз мекунанд. Субҳи санаи 21 июл саги фавтида косахонаи сари соҳибашро ба хонаи писараш меорад. Ба туфайли зиракии саг, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиноятро пайгир шуда, онро ошкор намуданд”, – илова намуд сарчашмаи хабар. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.