Рӯзи баргузории карнавал дар маркази пойтахт ҳаракати нақлиёт аз соати 8:00 то 13:00 қатъ карда мешавад. Дар ин бора аз мақомоти шаҳрдорӣ иттилоъ доданд.
Интизор меравад, ки дар карнавали пойтахт ҳунармандони хориҷӣ, масхарабозон, сарояндагон, раққосон аз гӯшаву канори кишвар иштирок намоянд.
Дар ҳамаи боғҳои фарҳангӣ – фароғатии Душанбе ва ноҳияҳои он 21 март сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони пойтахт доир мешавад. Мақомоти шаҳрдорӣ барои онҳо барномаҳои консертӣ, намоишгоҳҳо ва ҳар гуна озмунҳо ташкил менамоянд.
Чорабинии асосӣ бахшида ба Наврӯз 22 март дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт доир мегардад, ки дар он барномаи театрикунонидашудаи “Ганҷи Нарӯз” намоиш дода мешавад.
23 – 24 март дар “Наврӯзгоҳ” мусобиқоти гӯштӣ ва аспдавонӣ баргузор мегардад.
Ғолибони мусобиқот бо туҳфаҳои махсуси раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



