Дар Наврӯз ҳаракати нақлиёт дар маркази Душанбе қатъ карда мешавад

Рӯзи баргузории карнавал дар маркази пойтахт ҳаракати нақлиёт аз соати 8:00 то 13:00 қатъ карда мешавад. Дар ин бора аз мақомоти шаҳрдорӣ иттилоъ доданд. Интизор меравад, ки дар карнавали пойтахт ҳунармандони хориҷӣ, масхарабозон, сарояндагон, раққосон аз гӯшаву канори кишвар иштирок намоянд. Дар ҳамаи боғҳои фарҳангӣ – фароғатии Душанбе ва ноҳияҳои он 21 март сайругашти оммавии […]

Аваз Юлдошев

Рӯзи баргузории карнавал дар маркази пойтахт ҳаракати нақлиёт аз соати 8:00 то 13:00 қатъ карда мешавад. Дар ин бора аз мақомоти шаҳрдорӣ иттилоъ доданд.

Интизор меравад, ки дар карнавали пойтахт ҳунармандони хориҷӣ, масхарабозон, сарояндагон, раққосон аз гӯшаву канори кишвар иштирок намоянд.

Дар ҳамаи боғҳои фарҳангӣ – фароғатии Душанбе ва ноҳияҳои он 21 март сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони пойтахт доир мешавад. Мақомоти шаҳрдорӣ барои онҳо барномаҳои консертӣ, намоишгоҳҳо ва ҳар гуна озмунҳо ташкил менамоянд.

Чорабинии асосӣ бахшида ба Наврӯз 22 март дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт доир мегардад, ки дар он барномаи театрикунонидашудаи “Ганҷи Нарӯз” намоиш дода мешавад.

23 – 24 март дар “Наврӯзгоҳ” мусобиқоти гӯштӣ ва аспдавонӣ баргузор мегардад.

Ғолибони мусобиқот бо туҳфаҳои махсуси раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.