Роҳи Душанбе – Хуҷанд боз баста шуд. Дар роҳ тарма фаромадааст

Ҳаракати нақлиёт тариқи шоҳроҳе, ки пойтахтро бо шимоли кишвар мепайвандад, бо сабаби фаромадани тарма ва бориши шадиди барф, муваққатан қатъ карда шудааст. Аз маркази матбуотии ширкати IRS, ки нигоҳубини ин роҳро ба зимма гирифтааст, ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки аз сабаби дар чанд қитъаи роҳ фаромадани тарма, бино ба хулосаи вазорати нақлиёт ва ВКД ҳаракати […]

Баҳманёр Нодиров

Ҳаракати нақлиёт тариқи шоҳроҳе, ки пойтахтро бо шимоли кишвар мепайвандад, бо сабаби фаромадани тарма ва бориши шадиди барф, муваққатан қатъ карда шудааст.

Аз маркази матбуотии ширкати IRS, ки нигоҳубини ин роҳро ба зимма гирифтааст, ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки аз сабаби дар чанд қитъаи роҳ фаромадани тарма, бино ба хулосаи вазорати нақлиёт ва ВКД ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ муваққатан манъ гардидааст.

“Аз километри 47-ум, аз ҷониби Хуҷанд ва аз километри 81-ум, аз ҷониби Душанбе роҳ баста аст. Роҳ барои ҳаракати ҳама намуди нақлиёт муваққатан баста шудааст”,-иттилоъ доданд аз маркази матбуоти IRS.

Илова намуданд, ки бориши барф идома дорад ва хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.

“Дар ин қитъаҳои роҳ техника фаъолият дорад ва дар наздиктарин фурсат ҳаракат дар ин роҳ барқарор карда мешавад”,- гуфт котиби матбуотии ширкат Далер Мерганов.

Қаблан ҳавосанҷон иттилоъ дода буданд, ки дар шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ, минтақаҳои кӯҳии навоҳии тобеи марказ, қисми ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд), минтақаҳои ғарбии ВМКБ (Душанбе – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб, Хоруғ – Ғунд, Рӯшон – Бартанг) эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад.

Сохтмони роҳи Душанбе – Чаноқ, бо дарозии 410 километр, соли 2010 ба анҷом расид. Барои ин кор наздики 300 миллион доллар сарф гардид, ки онро дар шакли қарз давлати Чин барои 20 сол пешниҳод намуда буд.

Аз моҳи апрели соли 2010 идораи роҳ, тибқи шартномаи ширкати IRS бо Ҳукумати Тоҷикистон, ба зиммаи ин ширкат гузошта шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.