Тоҷикистон барои табдили номи милитсия ба политсия маблағгузор меҷӯяд

12 март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи гуруҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия баргузор мегардад. Ба ҷаласаи мазкур роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Барномаи рушди СММ, Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Сафирони Сафоратхонаҳои ИМА, Россия, Олмон, Фаронса, Англия, Хитой, Ҷопон, Туркия, Арабистони Саудӣ, […]

Аваз Юлдошев

12 март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи гуруҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия баргузор мегардад.

Ба ҷаласаи мазкур роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Барномаи рушди СММ, Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Сафирони Сафоратхонаҳои ИМА, Россия, Олмон, Фаронса, Англия, Хитой, Ҷопон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар ва намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалию ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коршиносон даъват шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ВКД ба “Азия-Плюс” гуфт, ки мавзӯи аслии ҷаласаи мазкур пайдо кардани маблағгузор барои табдили номи милитсия ба политсия аст.

“Маблағе, ки имрӯз аз буҷа барои табдили номи милитсия ба политсия, омода кардани либос барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷудо шудааст, кофӣ нест. Интизор меравад, ки дар анҷоми ҷаласаи мазкур маблағгузор пайдо мешавад”,-гуфт манбаъ.

Ба қавли ӯ намунаи либосҳои нав барои кормандони милитсия омода аст, аммо барои истеҳсоли зиёди он маблағ кофӣ нест.

Милитсия гум мешавад

Қаблан гуфта мешуд, ки дар либоси нав ба ҷойи навиштаҷоти қаблии “Милитсия” “Политсия” навишта мешавад ва тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо он таъмин мегарданд.

Тирамоҳи соли гузашта ВКД барои таҳияи тарҳи либоси нав ва нишонаҳои фарқкунандаи он озмун эълон карда буд.

Гуфта мешуд, ки ҳангоми таҳияи тарҳ ва унсурҳои либоси нав бояд шароити Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад. Либоси кормандони БДА бояд ҷузъҳои инъикоскунандаи рӯшанӣ дошта бошанд.

“Либоси нав бояд боиси ифтихор ва эҳтироми на фақат кормандони милитсия, балки шаҳрвандони одӣ низ бошад”,- гуфта мешуд он замон.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.